Испоҳӣ ибни Охурёр
Испоҳӣ ибни Охурёр (? — 945) — сипаҳсолори дарбори Вушмагир ибни Зиёр.
Зиндагинома
вироишДар бораи ӯ ва фаъолияти сиёсӣ-низомиаш иттилои равшан ва дақиқе дар даст нест. Аз ӯ Ибни Исфандиёр ҳангоми нақли ба сари қудрат омадани Вушмгир ибни Зиёр баъди қатли бародараш - Мардовиҷ ва аҳволи ӯ бо Мокони Кокӣ ёдрас мешавад. Дар соли 936 Вушмгир бо Мокон аҳд кард ва Гургонро бад-ӯ дод. Ҳамзамон лашкари Табаристонро ба ибни дод ва фармуд, ки бо Абӯмӯсо ибни Баҳром, ки ба Дайламон хилоф карда буд, ҳарб кунад. Испоҳӣ ба Омул омад ва бо ҳокими он Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Аҳмад ан-Носир ба ҳарби Абумӯсо рафтанд. Пас аз чандин рӯзи ҳарб Абумӯсо мунҳазим гашт ва он вилоятро тарк намуд. Вушмгир пас аз ин ҳарб ӯро амирии Сорӣ дод. Дар соли 939 Наср ибни Аҳмад, Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммадро ба Гургон фиристод ва Мокон аз Вушмгир мадад хост. Вушмгир Испоҳиро бифармуд, то ба мадади Мокон ояд, вале Сомониён бар лашкари эшон пирӯз гаштанд. Мокон ва ибни ба Омул омаданд. Пас аз марги Наср ибни Аҳмади Сомонӣ дар соли 943 ва ҷулуси Нӯҳ ибни Наср сипаҳсолори Хуросон бо Вушмгир сулҳ кард.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Испоҳӣ ибни Охурёр / Н. Ғиёсов // Донишномаи Сомониён ҷ. 1. — Х. : Нури маърифат, 2008