Истгоҳи телевизионӣ

Истгоҳи телевизионӣ (симо) – маҷмӯи таҷҳизоти техникӣ барои дар эфир пахш намудани аломатҳои электромагнитӣ, ки ахбори тасвириву овозиро ба вуҷуд меорад. Ба маҷмӯи истгоҳҳои ҳаракаткунанда таҷҳизоти ғайрисайёр - аз камераи телевизионӣ то антенаҳо дохил мешавад; хабарҳои истгоҳи ҳаракаткунандаро барои пахши минбаъда ба дастгоҳҳои сабти наворӣ ва ё бевосита ба мавҷ моҳвораҳои манораҳи телевизионӣ қабул менамоянд. Бо ёрии истгоҳҳои ҳаракаткунандаи дар автобусҳои махсус васл гардида, аз ҷойи воқеа репортажҳо намоиш дода мешавад. [1]

Нигаред

вироиш
  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С.109. ISBN-978-999-47-43-37-7