Истирдод, боздоди ҷинояткор, экстрадитсия — дар ҳуқуқи ҷиноӣ супоридани шахсест, ки ҷиноят содир намудааст ё барои ҷинояти содирнамудааш адои ҷазо менамояд.

Қонуни ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 16 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) барои супоридани шахсе, ки ҷиноят содир намудааст, ду ҳолатро пешбинӣ кардааст:

  1. шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳудуди давлати дигар ҷиноят содир кардааст, ба он давлат супорида намешавад, агар дар шартномаи тарафайн тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад;
  2. шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҷиноят содир намуда, дар ҳудуди он қарор дорад, мутобиқи шартномаи байналмилалӣ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё адо намудани ҷазо ба давлати хориҷӣ супорида шавад.

Асоси ҳуқуқии ин меъёри ҳуқуқиро талаботи моддаи 16 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки мувофиқи он «шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеч як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супоридан мумкин нест. Супоридани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад». Дар ҳолати аввал сухан дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон меравад, ки дар давлати хориҷӣ ҷиноят содир намудаанд ва аз рӯйи қоидаи умумӣ онҳо ба давлати хориҷӣ супорида намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо шартномаҳои тарафайн (байнидавлатӣ) пешбинӣ шудаанд. Чунин шартномаҳо дутарафа ва бисёртарафа буда метавонанд. Мас., Конвенсия доир ба ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ (байни давлатҳои аъзои ИДМ 7.10.2002 дар ш. Кишинёв ба имзо расида, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.10. 2004 таҳти № 1189 тасдиқ карда шудааст). Чунончи, дар моддаи 89-и ин Конвенсия омадааст, ки супоридани шахсе, ки шаҳрванди талабшавандаи Тарафи Аҳдкунанда мебошад, ба анҷом расонида намешавад. Яъне, тибқи ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон дар миқёси ИДМ дар ҳолати дар ҳудуди ин давлатҳо ҷиноят содир карданашон ба онҳо супорида намешаванд. Дар ҳолати дуюм сухан дар бораи он хориҷиён ва ашхоси бешаҳрванд меравад, ки берун аз ҳудуди Тоҷикистон ҷиноят содир намуда, вале дар ҳудуди Тоҷикистон қарор доранд. Меъёри конститутсионӣ оид ба манъи супоридани чунин шаҳрвандон ба давлати хориҷӣ ба онҳо татбиқ намегардад. Супоридани ашхоси хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванд ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи байналмилалӣ сурат мегирад.

Истирдод бо ду мақсад анҷом дода мешавад: барои ба ҷавобгарӣ кашидан ва барои адои ҷазо. Лекин қоидаи умумии истирдоди ҷинояткор нисбат ба шахсе, ки ба ӯ дар Тоҷикистон паноҳгоҳи сиёсӣ дода шудааст, татбиқ намегардад, зеро тибқи талаботи қисми 3-и моддаи 16-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад». Ин қоида дар моддаи 89-и Конвенсияи мазкур низ пешбинӣ шудааст.

Адабиёт

вироиш