Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) — як созмони ҷамъиятии ҷавонон дар Тоҷикистон, ки дар соли 1991 таъсис шудааст.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Таърих ва аҳдоф

вироиш

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 12 октябри соли 1991 таъсис шудааст[1].

Ҳадафи асосии ИҶТ муттаҳидсозии ҷавонон барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими иттиҳоду ягонагӣ дар ҷомеа мебошад.

Дар тӯли фаъолияташ, ИҶТ ба ташкили чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла вохӯриҳо, семинарҳо ва барномаҳои фарҳангӣ машғул аст, ки ба рушди маънавӣ ва иҷтимоии ҷавонон равона шудаанд. Тибқи маълумоти соли 2005, ИҶТ тақрибан 20 ҳазор узв дошт[2]. Имрӯз дар тамоми  шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон филиалҳои иттифоқ расман сабти ном шуда, фаъолияти доранд. Ҳоло иттифоқ дорои 72 филиал, 937 намояндагӣ ва 70445 аъзои расмӣ мебошад[3].

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

вироиш

ИҶТ инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад. Масалан, 24 октябри соли 2024 миёни ИҶТ ва Ассамблеяи халқҳои Авруосиё ва Африқо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҷавонон мусоидат мекунад[4].

  1. Анҷумани X Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон. АМИТ "Ховар". 18 Декабри 2024 санҷида шуд.
  2. Рао/Ро. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон: Имрӯз ва фардои он(тоҷ.), Радиои Озодӣ (25 сентябри 2007). Проверено 18 Декабри 2024.
  3. Душанбе: 30-солагии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил шуд (13 октябри 2021). 18 Декабри 2024 санҷида шуд.
  4. Созишномаи ҳамкорӣ миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ассамблеяи(англ.). Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 October 2024). 18 Декабри 2024 санҷида шуд.