Ифк
Ифк (ар. إفک – баргаштан аз ҳақ сӯи ботил, туҳмат, буҳтон; дурӯғ дар ҳаққи касе) - дурӯғест, ки зиштии он ошкор бошад; ошкортарин дурӯғ; буҳтоне, ки инсон ба сурати ногаҳонӣ бо он мувоҷеҳ мешавад.
Ҳадиси ифк ё достони ифк ҳодисаи туҳмати зино задани гурӯҳи мунофиқон ба Оиша аст. Тибқи ҳадисҳо («Саҳеҳи Бухорӣ», 4473; «Саҳеҳи Муслим», 2771) ва тафсирҳо, паёмбар (с) ҳангоми ба ғазва рафтан миёни ҳамсаронаш қуръа андохта, яке аз онҳоро ҳамроҳи худ мебурд. Дар ҷанги банӣ Мусталақ қуръа ба номи Оиша баромад ва паёмбар (с) ӯро бо худ бурд. Лашкари паёмбар (с) ҳангоми бозгашт аз ғазваа дар яке аз манзилгоҳҳои наздики Мадина барои истироҳат муддате таваққуф кард. Шабонгаҳ эълон шуд, ки лашкар ҳаракат мекунад. Оиша барои қазои ҳоҷат аз урдугоҳ дур шуда буд. Чун назди кӯчи худ омада дид, ки гарданбандаш кандааст, зуд баргашта, аз пайи ҷустуҷӯи муҳраҳои он шуд. Афроде, ки ба кӯчу бори Оиша муваззаф буданд, бо гумони ин ки ӯ дар каҷовааш аст, ба роҳ баромаданд. Ҷустуҷӯи донаҳои гарданбанд сабаб шуд, ки Оиша аз қофила ақиб монад. Ӯ пас аз ёфтани гарданбанд ба манзилгоҳ баргашта, дид, ки мардум рафтаанд. Ба умеди он ки ба суроғаш меоянд, дар ҳамон ҷо мунтазир монд. Яке аз саҳоба – Сафвон ибни Муъаттали Суламӣ, ки низ аз қофила қафо монда буд, Оишаро дид ва ба ӯ ишора кард, то ба шутур савор шавад. Сипас Сафвон ресмони шутурро гирифта, пеш-пеш ва Оиша савора ба лашкар расиданд. Ҳамин сабаб шуд, ки мухолифони паёмбар (с), аз ҷумла раиси мунофиқон Абдуллоҳ ибни Убайд ва Ибни Салулӣ ба Оиша туҳмат заданд. Ҳодисаи Ифк, ки хеле туҳмати сангину ногувор буд, хонадони нубувват ва ҷомеаи исломиро ғамгину рӯҳафтода кард. Оиша бо иҷозати паёмбар (с) ба хонаи падари худ Абубакри Сиддиқ рафта, хеле ранҷ кашид ва гиряи зиёд кард, то даме ки Худованд дар исботи покдомании ӯ ваҳй фиристод (Қуръон, 24: 11–24).
Адабиёт
вироиш- Ифк / С. Наимӣ // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. — Д. : СИЭМТ, 2011—2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2022).
- Али-заде А. Исламский энциклопедический словарь. М., 2007.
السعدی عبدالرحمن ابن ناصر. تفسیر راستین./ ترجمۀ فارسی. جلد ٢. تهران، ١٣٧٤ ش.؛
دیوبندی محمد شفیع عثمانی. معارف القران. جلد ٩. تهران، ١٣٨٢ ش