Хоҷа Маҳмуд Ихтиёри Ҳиравӣ (? — қарни XVI) — наққоши форс-тоҷик, шогирди Миралии Наққош.

Ихтиёри Ҳиравӣ

Зиндагинома

вироиш

Бештари умрашро дар Хуросон гузаронидааст. Соли 1528/29 Убайдуллоҳхони Шайбонӣ Ҳиротро забт намуда, Ихтиёри Ҳиравиро ҳамроҳи як гурӯҳ ҳунармандон ба Бухоро бурд. Дар Бухоро Ихтиёри Ҳиравӣ дар китобхонаи дарбор наққошӣ мекард. Намунаҳои эҷодиёташ боқӣ намондааст.

Адабиёт

вироиш