Ишқ - дӯстдории аз ҳад зиёд, муҳаббат, меҳр. Ҳиссиёти ахлоқию эстетикӣ. Майлу рағбати беандоза нисбат ба шахс, ҷамоаи инсонӣ, афкоре ё амале.

1873 Pierre Auguste Cot - Spring.jpg
  Туро ман ёфтам аз
            ошиёни                   
          сарбаландихо,
  Маро хушбахт кун, 
         эй гул!

МафҳумВироиш

Мафҳуми Ишқ дар таърихи маданияти маънавӣ ба таври ғайр тафсир шуда мавзӯи баҳси файласуфон, олимон ва адибон буд.

Афлотун ду навъ Ишқ - ҳиссӣ ва маънавиро зикр карда буд. Навъи якум-бо завқи шаклҳои зебо маҳдуд мешавад. Ишқи маънавӣ манбаи амалиёти фаъоли маърифтист. Такмили Ишқ аз гузаштани ишқи ҳиссӣ ба ишқи маънави иборат аст.

Ишқ волотарин ҳиссиётест, ки ногаҳон дар вуҷуди кас пайдо мешавад...