Иқтидор (ар. اقتدار‎ – қудрат, тавоноӣ) — нерӯ ва тавоноии фарде ё мақомоте, ки барои ба амал баровардани ягон навъи фаъолият кифоят мекунад.

Аз фард ё мақомоти дорои иқтидор итоат карда мешавад. Дар сиёсатшиносӣ иқтидор қудрати сиёсӣ, падидаи қонунӣ ва эътирофгардида аст, ки мебояд дар шароити мухталиф мавриди итоат ва фармонбардорӣ қарор гирад. Дар сатҳи давлат қудрату ҳокимият мақоми қонунӣ, расмӣ ва сунатӣ (дар омехтагӣ бо мазҳабҳо ва ғ. ) дошта, ба иқтидор табдил мешаванд. Бино бар ин, иқтидор маҳдудтар аз қудрату ҳокимият аст ва наметавонад ҳудуду шароити имкони худ, яъне қонун, суннат, мазҳаб, урфу одат ва ғ.-ро пурра зоҳир намояд. Имрӯз дар давлати мардумсолорӣ қудрате, ки ҳокимияти мардумиро муаррифӣ менамояд, иқтидор ба шумор меравад ва мардумсолорӣ равиши табдили қудрат ба иқтидор аст. Ба таври куллӣ, мафҳуми «қарордоди иҷтимоӣ» танҳо маҷрои тавлиди иқтидор аст. Сиёсатмадорон бо аз даст додани қудрат иқтидор-ро низ аз даст медиҳанд.

Тибқи фалсафаи сиёсӣ-классикии Ғарб дар намунаи таълимоти Т. Гоббс, Ҷ. Локк ва Ж. Руссо, иқтидор асоси ҳокимияти давлатӣ аст. Он танҳо ба воситаи ризоият падид омада, дар шароити муосир дар сурате идома меёбад, ки барои ҳифзи ҷон, мол, озодӣ, сулҳ ва амнияти мардумӣ ба кор равад. иқтидор ба ин маъно ду чеҳра дорад: яке он ки дар ҳавзаи ҳукм ва ҳокимият зоҳир мешавад ва дигар он ки дар низоми итоат ва фармонбардории воқеӣ аз қудрат ҷонибдорӣ мекунад. Бидуни иқтидор наметавон ба аҳком ва тасмимҳои зарурӣ аз назари қонунӣ расид. Қудратҳои сиёсӣ ва иҷтимоии мухталиф дар таркиби иқтидор маншаи зиддияту муқовимат ва бесуботӣ дар ҳаёти сиёсӣ шуда метавонад. Дар замони муосир, ки масъалаҳои иҷтимоии қонунияти қудрат дучори буҳрон шудаанд, роҳи тавлиди иқтидор танҳо такя ба ҳокимияти мардум мебошад.

Адабиёт

вироиш
  • Зокиров Г., Донишномаи сиёсӣ. Ҷилди 1. Д., 2015.

Сарчашма

вироиш