Иқтисоди Аргентина
Иктисодиёти Аргентина бо захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок, сатҳи баланди саводноки, дорои бузургтарин соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии содирот нигаронидашуда рушд ёфта истодааст. Ҷумҳурии Аргентина яке аз давлатҳои рушдёфтаи иқтисодӣ дар ҷаҳон баҳисоб меравад. Аргентина кишвари агро-саноатӣ мебошад. Ҳаҷми ММД-и он дар соли 2008 (324,8млрд)-ро ташкил медод, ки ба ҳар сари аҳоли 14,2 ҳ. доллар рост меояд. Бо ин нишондод Ҷумҳурии Аргентина дар Амрикои Лотинӣ ҷои 2-юмро баъд аз Чили ишғол менамояд. Инчунин Ҷумҳурии Аргентина аъзои «Бистгонаи бузург» мебошад.
Кишвар | |
---|---|
Макони кунунӣ | |
ММД-и номиналӣ | 631 133 384 439,94 $[1] |
ММД-и номиналӣ ба сари аҳолӣ | 14 398 $[2] |
ММД (ПТХ) | 922 116 037 382 доллари байналмилалӣ[3] |
ММД ПХТ ба сари аҳолӣ | 20 828,876 доллари байналмилалӣ[4] |
Нархи рушди иқтисод (ММД)-и воқеӣ | −2,3 ± 0,1 фоиз[5] |
Захираҳо | 55 314 409 205 $[6] |
Гурӯҳи вобаста | Category:Economy of Argentina-related lists[d] ва Category:Lists of companies of Argentina[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Кишоварзӣ
вироишСоҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Аргентина ба шумор меравад. Аргентина бо маҳсулоти кишоварзӣ яъне хуроквори қариб пурра талаботи худро қонеъ мегардонад ва инчунин яке аз содироткунандаи асосии маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор меравад. Махсусан истеҳсоли ғалладона ва зироатҳои равғандор, ки содироти асосиро ташкил медиҳанд рушд ёфтааст. Инчунин истеҳсоли лубиё, картошка, равған, орд, биотсўзишвори, бензин рушд ёфтаанд ва ба содирот равона шудаанд. Аз ҷиҳати истеҳсоли лубиё Аргентина дар Амриоки Ҷанубӣ ҷои 2-юм ва дар ҷаҳон ҷои 3-юмро ишғол менамояд.
Дар соҳаи кишоварзӣ нақши муҳимро чорводорӣ мебозад. Чорвои калони шохдор дар соли 2010 (48млн) сар-ро ташкил медод, ки дар ҷаҳон ҷои 1-ро ишғол менамояд.
Маҳсулоти ширӣ дар соли 2009 (10,1 млн. т)-ро ташкил медод ва аз ин 20%-и он ба содирот нигаронида шудааст. Тақрибан 45%-и шири коркардшуда барои таёр кардани панир истифода мегардад. Сол аз сол истеҳсоли маҳсулоти ширӣ меафзояд.
Меваю сабзавот 3%-и содиротро ташкил медиҳанд. Дар шимолу шарқии Аргентина истеҳсоли шакар, тамокў ва дар соҳилҳои он бошад истеҳсоли шароб ба роҳ монда шудаанд.
Саноати истихроҷ
вироишҶои 2-юмро дар сатри содирот бензин, гази табии, маҳсулотҳои нафту химиявӣ ки 20%-и ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳанд ишғол менамоянд. Канданиҳои фоиданокро тило, платина, уран, нуқра, мед ва руҳ ташкил медиҳанд.
Савдои хориҷи
вироишШарикони тиҷоратии Аргентина давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Бразилия, Хитой, Россия, Ҳиндустон ва дигарон ба шумор мераванд.
Молу маҳсулотҳои содироти: лубиё, гушт, газ, нефт, гандум, ҷуворимака, металҳои ранга, автомобил,
Молҳои воридоти ба Аргентина: мошинҳои мусофирбар, молҳои истеъмоли, нуриҳои минералӣ, ашёҳои хом, чарм ва дастгоҳу таҷҳизот, метал, пластмас.
Қарзи хориҷӣ — 129 млрд долл. (в 2008).
Воҳиди Асрорӣ: Песо. 5,00 песо за 1 доллар США. (10.02.2013г)
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- В. Ингульченко. История аргентинского дефолта Бойгонӣ шудааст 18 Декабри 2008 сол.
- Когда век прошел впустую. Лента.Ру. 24 ноябри 2014 санҷида шуд.
- Аргентина: 100 лет упадка. ПрессОрг 24. 24 ноябри 2014 санҷида шуд.