Иқтисоди миллӣ — яке аз мафҳумҳои марказии назарияи макроиқтисод ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумро бори аввал олими амрикоӣ Василий Леонтев ҳамчун низоми худтанзимшаванда, ки аз фаъолиятҳои гуногуни ба ҳамдигар алоқаманд таркиб ёфтааст, истифода карда буд.

Асоси иқтисоди миллиро корхонаҳо, фирмаҳо, ташкилотҳо, хоҷагиҳои хонагӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар низоми тақсимоти ҷамъиятии меҳнат вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.

Иқтисоди миллӣ аз соҳаи истеҳсолӣ ва соҳаи ғайриистеҳсолӣ иборат аст. Соҳаи истеҳсолӣ маҷмӯи соҳаҳои тавлидкунандаи маҳсулоти ҷамъиятӣ буда, ба он асосан саноат, хоҷагии қишлоқу савдо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои тавлидкунандаи мол дохил мешаванд. Соҳаи истеҳсолӣ дар навбати худ ба истеҳсолоти моддӣ ва истеҳсолоти ғайримоддӣ ҷудо мешавад:

Истеҳсолоти моддӣ истеҳсолотест, ки дар он воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар назарияи иқтисод истеҳсолоти моддиро ба истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот (соҳаи I) ва истеҳсоли чизҳои истеъмолӣ (соҳаи II) низ ҷудо мекунанд. Агар сухан дар бораи саноат равад, онҳоро гурӯҳи А ва гурӯҳи Б меноманд.

Истеҳсолоти ғайримоддӣ аз истеҳсолоти моддӣ бо маҳсулоти худ, ки шакли ғайримоддиро дорад, фарқ мекунад. Ба истеҳсолоти ғайримоддӣ соҳаҳои илм, санъат, маданият, маориф, тандурустӣ ва ғайра дохил мешаванд, бинобар ҳамин, онро соҳаи истеҳсоли хидматҳо низ меноманд. Соҳаи ғайриистеҳсолӣ соҳае мебошад, ки маҳсулот истеҳсол накарда, балки дар тақсимоти он ширкат меварзад. Ба соҳаи ғайриистеҳсолӣ мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд.

Дар назарияи иқтисод таркиби истеҳсолӣ, таркиби иҷтимоӣ, таркиби соҳавӣ ва таркиби минтақавии иктисоди миллиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Таркиби истеҳсолӣ тақсими истеҳсолкунандагони миллиро ба субъектҳои иқтисодии асосӣ инъикос мекунад. Аслан се гурӯҳи истеҳсолкунандагони асосиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат.

Таркиби иҷтимоии иқтисоди миллӣ тақсимоти онро мувофиқи шаклҳои моликият ифода мекунад. Ба таркиби иҷтимоӣ соҳаи (сектори) давлатӣ, соҳаи коллективӣ, соҳаи хусусӣ, соҳаи шахсӣ ва соҳаи омехта дохил мешаванд. Таркиби иҷтимоӣ ҳангоми таҳлили иқтисоди миллӣ нақши муҳим мебозад ва ба инкишофи ин соҳаҳо асосан мувофиқи ҳиссаи онҳо ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё даромади миллӣ баҳо медиҳанд.

Мақсадҳои асосии ҳама гуна иқтисоди миллӣ инҳо мебошанд:

  • таъмини суръати бештари афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ ба хотири паст намудани шиддати бӯҳрони иқтисодӣ;
  • таъмини дараҷаи устувори нархҳо ба хотири баланд бардоштани курби пули миллӣ ва таъмини мувозинати тақозою арза;
  • таъмини содироти бештари молу хидматҳо ба хотири афзоиши содироти соф (фарқи байни содирот ва воридот)ва таъмини ҷиҳати мусбии тавозуни пардохт;
  • таъмини дараҷаи баланди шуғли аҳолӣ ба хотири таъмини ҳамаи аҳолӣ бо музди кор, ҷои кор ва талаботи бо маблағ таъминбуда.