Иқтисоди Ҳиндустон
Ҷумҳурии Ҳиндустон кишвари рушдёфтаи агро – саноатӣ мебошад, ки дар ҷаҳон аз руи ҳаҷми ММД баъди ИМА ва Хитой ҷои 3-юмро ишғол менамояд. Њаҷми ММД дар соли 2014 2,048 трлн доллар-ро ташкил медод, ки ба ҳар сари аҳоли 1ҳ.626 $ рост меояд. Асоси рушди иқтисодиёти Њиндустонро соҳаҳои гуногуни саноат ташкил мекунанд.
Кишвар | |
---|---|
Макони кунунӣ | |
ММД-и номиналӣ | 2 597 491 162 897,7 $[1] |
ММД-и номиналӣ ба сари аҳолӣ | 1 979 $[2] |
ММД (ПТХ) | 9 596 834 735 263 доллари байналмилалӣ[3] |
ММД ПХТ ба сари аҳолӣ | 7 166,202 доллари байналмилалӣ[4] |
Нархи рушди иқтисод (ММД)-и воқеӣ | 6,8 ± 0,1 фоиз[5] |
Захираҳо | 412 613 792 019 $[6] |
Фоизи беқурбшавии пул (инфлятсия) | 4,9 ± 0,1 фоиз[7] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Кишоварзӣ
вироишДар соҳаи кишоварзии Ҳиндустон зиддият дида мешавад. Бисёре аз деҳқонон замини кам ва ё умуман замин надоранд. Дар аксари деҳотҳо нерӯи барқ нест. Аз руи заминҳои обӣ (54,8млн га) Њиндустон ҷои 1-умро дар ҷаҳон ишғол менамояд. Ба соҳаи хоҷагии қишлоқ 60% - и қувваи корӣ равона шудааст, ки он 19,9% - и ҳаҷми ММД-ро ташкил мекунад. Њиссаи маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашудаи Њиндустон 15%-ро ташкил медиҳад. Кишти асосии Њиндустонро гандум ва биринҷ ташкил медиҳанд. Дар қисми ҷанубу шарқии Њиндустон майдони асосии парвариши биринҷ ҷойгир аст. Дар қисми шимолу ғарбии он бошад кишти гандум бо обёрии сунъи ба роҳ монда шудааст.Њиндустони муосир талаботи худро бо хурока таъмин менамояд. Дар соли 2008 ҳосили гандум ба 71,8 млн т, ҷуворимакка 10,6 млн т, биринҷ 116,6 млн т. ва картошка ба 24 млн т. расида буд.
Инчунин ба зироат ва кишти асоси дохил мешаванд: найшакар, офтобпараст, лубиё, кишти пахта, қаҳва, чой, каучуи табии, банан. Њиндустон аз ҷиҳати истеҳсоли шакар дар ҷаҳон ҷойи 2-ро ишғол менамояд. Истеҳсоли солонаи шакар ба 14млн т. баробар аст. Маводи хом барои истеҳсоли шакар дар 3,6 миллион гектар замин парвариш карда мешавад.
Чорводорӣ
вироишЧорводорӣ нақши муҳимро дар соҳаи кишоварзии Њиндустон мебозад. Аз руи шумораи чорвои калони шохдор Њиндустон ҷои аввалро дар ҷаҳон ишғол мекунад, Аммо аз руи истеъмоли гушт яке аз ҷойҳои охирон – ро ишғол менамояд. Мувофиқи ақидаҳои динии “Индуизм” гов ҳайвони муқаддас ба шумор меравад ва аз ҳамин сабаб гушти он истеъмол карда намешавад.
Саноати истихрочи маъдан
вироишВоридшавии Њиндустон ба роҳи саноатикунонӣ нақши захираҳои сӯзишворӣ ва ашёи хоми онро зиёд кард. Имрузҳо маъдани оҳан, ангиштсанг, нафт ва ғ. дарёфт ва коркард карда шудаанд. Њиндустон танҳо 30%- и талаботи худро бо нафт ва газ мустақилона таъмин менамояд. Миқдори боқимонда аз давлатҳои Халиҷи Форс воридот карда мешаванд. Истеъмоли нафт қариб 100 млн т. дар як сол мебошад.
Саноати коркарди истехсолӣ
вироишМарказҳои асосии саноати коркарди истеҳсолӣ шаҳрҳои Бомбей, Калкута, Дели ва Мадрас мебошанд. Аз руи саноати атомӣ Њиндустон дар ҷаҳон чои намоёнро ишғол менамояд. Соҳаи асосии саноати сабук, маснуоти саноати бофандагӣ, ки бо ашёи хоми ватанӣ кор мекунад, ба ҳисоб меравад. Дар Њиндустон соҳаҳои гуногун саноати худравсозӣ, техникаи маишӣ, қоғаз, нуриҳо ва сементбарори рушд ёфтаанд. Ба соҳаҳои тайёрасози, электроника ва телекоммуникатсия сармоягузорӣ карда мешаванд. Молҳои асосии саноатии барои содирот равона шуда маҳсулоти кимиёвӣ, пӯлод, мошин ва таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, техникаи маишӣ ва электроника, трактор, либос ва доруворӣ мебошанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ https://data.worldbank.org/indicator/NY.GDP.MKTP.CD?locations=IN
- ↑ база данных Всемирного банка — Бонки ҷаҳонӣ.
- ↑ база данных Всемирного банка — Бонки ҷаҳонӣ.
- ↑ база данных Всемирного банка — Бонки ҷаҳонӣ.
- ↑ http://www.imf.org/external/datamapper/NGDP_RPCH@WEO?year=2016
- ↑ база данных Всемирного банка — Бонки ҷаҳонӣ.
- ↑ http://www.imf.org/external/datamapper/PCPIEPCH@WEO?year=2016