Иҷлосияи сарнавиштсоз. (Китоб)

Иҷлосияи сарнавиштсоз: Феҳристи адабиёт. – Душанбе: Бухоро, 2012. – 206 с.

Мундариҷа

вироиш

Феҳристи мазкур ба ифтихори 20–солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Феҳрист аз мақолаи муқаддимавӣ, 3 қисм ва 10 зерқисм иборат аст. Мақолаи муқаддимавӣ роҷеъ ба аҳамияти оламшумул ва нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи навин ва эҳёи заминаҳои конститутсионии Тоҷикистони соҳибистиқлол маълумоти мушаххас медиҳад. Дар қисми якуми феҳрист номгӯи асарҳои дар шакли алоҳида нашршуда дохил шудаанд. Қисми дуюми феҳрист адабиёти дар саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ, китобҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ интишорёфтаро дар бар мегирад. Дар феҳрист унвони ҳамаи асарҳо ба забони асл тибқи стандарти нав тасвир ёфта, навиштаҷоти библиографӣ ба асарҳои такроран чопшуда тибқи замони нашрашон зери як асар бо нишон додани ҳамаи манбаъҳои интишорӣ пешниҳод шудааст. Феҳристи мазкур бори нахуст дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва веб–сайтҳои Интернет таҳия шуда, маводи чопию электронии солҳои 1992-2012 нашршударо дар бар гирифтааст.[1]

Тақризҳо

вироиш

Донистаниҳо

вироиш

Китоби Иҷлосияи сарнавиштсоз: Феҳристи адабиёт. – Душанбе: Бухоро, 2012. – 206 с. дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст.


Пайванди беруна

вироиш
  1. [ http://kmt.tj/?book_id=152 Иҷлосияи сарнавиштсоз.Китобнома]