Йилмоз Гуней (курдӣ: Yilmaz Guney‎, тур. Yılmaz Güney; 1 апрел 1937[2][3][4][…], Адана[6]9 сентябр 1984[2][3][4][…], 14-ум минтақаи Порис[d][7]) — коргардон, филмноманавис, ҳунарпеша ва адиби курдтабори Туркия.

Йилмоз Гуней
тур. Yılmaz Güney[1]
Ном ба ҳангоми таваллуд: тур. Yılmaz Pütün[5]
Таърихи таваллуд: 1 апрел 1937(1937-04-01)[2][3][4][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 9 сентябр 1984(1984-09-09)[2][3][4][…] (47 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, ҳунарпеша, филмноманавис, тадвингар, шоир, producer
Корнома: 19581983
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0351566
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар Анқара ва Истанбул фан­ни ҳуқуқ ва иқтисодро омӯхт. Бо офаридани нақш дар бисёр филмҳо яке аз ҳунар­пе­ша­гони машҳури Туркия гар­дид. Соли 1967 ва 1970 дар ҷашнвораи филми Анталия соҳиби ҷоизаи «Но­ринҷи ти­лоӣ» гашт. Баъдан ба филм­но­мана­ви­сӣ шурӯъ карда, ҳам­замон ёвари Отиф Йилмоз — яке аз кор­гардонони маъруфи турк буд. Йилмоз Гуней соли 1965 филми нахустини худро ба навор гирифт. Со­ли 1968 ширкати синамоии хусусии худро бо номи «Gu­ney Filmcilik» таъсис дод. Филмҳои Йилмоз Гуней асосан ба мав­зӯъ­ҳои иҷтимоӣ бах­шида шудаанд. Йилмоз Гуней соли 1961 ба-рои нашри як романи коммунистгароёнааш муддати якуним сол, соли 1972 барои додани паноҳ­гоҳ ба анар­хистҳо муддати ду сол ва соли 1975 бо ҷурми ширкат дар куштор ҳабс шудааст. Ӯ замони дар маҳбас будан якчанд филмнома навишт, ки он­ҳо­ро дигар кор­гар­донҳо ба саҳна гузоштаанд. Пас аз табаддулоти низомӣ дар Туркия (1980) соли 1981 аз зиндон фи­рор карда, дар Фаронса паноҳгоҳи сиёсӣ дарёфт. Дар он ҷо филми «Роҳ»-ро, ки ҳамроҳ бо Шариф Гёрен шу­рӯъ карда буд, ба поён расонд. Ин филм дар ҷашнвораи 35-уми Канн (якҷо бо «Гумномшудаҳо»-и Коста-Гаврас) беҳта­рин филм донис­та шуд ва сазовори ҷои­заи «Навдаи нахли тилоӣ» гардид. Филмҳои машҳури Йилмоз Гуней: «Сайидхон», «Як марди чиркин» (1968), «Умед» (1970), «Марсия» (1971), «Бе­чо­раҳо» (1974), «Рама» (1978). Охирин филми Йилмоз Гуней «Девор» (1983) буд.

Адабиёт

вироиш
  • Гусейнов А. Йилмаз Гюней. Жизнь — подвиЙилмоз Гуней М., 1967.