Калимасозӣ, 1) сохтани калимаҳои нав дар асоси калимаҳои якрешагӣ ва ё ибораҳо бо ёрии принсипҳои муайяни дар забон қабулгардида. Якчанд роҳи калимасозӣ мавҷуд аст: — пайвастани асосҳо бо аффиксҳо (кор-гар, боақл, безарар, ҳамкорӣ, нобаро-барӣ), ҳамроҳ кардани чанд асос (калимаҳамроҳкунӣ), сохтани калимаҳои мураккаб (модарарус, хубрӯй, ҳамешабаҳор, кайҳоннавард, дарёнавард); принсипи морфологи-синтаксисии калимасозӣ— тағийр ёфтани вазифаи грамматики ва аз як ҳиссаи нутқ; ба дигар ҳиссаи нутқ гузаштани калима (бой, гадо—аз сифат ба исм; парранда, дида (чашм) — аз сифати феълӣ ба исм гузаштаанд). Сифатҳои феълии хонанда, гӯянда, бофанда, нависанда ба вазифаи аслии худ ва бештар—исм истифода мешаванд. Ин ҳодисаи забонӣ субстантивасия номида мешавад; принципи лексики-семантики — ба амал омадани калимаҳоеро идора менамояд, ки дар натиҷаи инкишофи маъно (бештар маънои маҷозӣ) ба шакли омонимҳо сурат гирифтаанд: меҳр (офтоб), меҳр (муҳаббат, дӯстдорӣ), замин (сайёра), замин (мавзеи кишту кор, замини пахта) ва ғайраҳо. Калимасозӣ яке аз манбаъҳои муҳимми бой гардидани таркиби луғавии забон, яке аз роҳҳои ба миён омадани истилоҳот мебошад. Дар забони тоҷикӣ ҳар як ҳиссаи нутқ тарз ва воситаҳои махсуси калимасозӣ дорад ва ба туфайли калимаҳои нав барои ифода намудани нозукиҳои фикр нодир мегардад. 2) — як қисми забоншиносӣ, ки структураи калима ва қонуниятҳои сохта шудани онро меомузад.

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш

Забони адабии ҳозираи тоҷик, к. 1, Душанбе., 1973; Кубрякова Е. С, Что такое словообразование, №., 1965; Общее языкознание, Москва., 1973. М. Мухаммадиев.