Калимаҳои тасвирӣ
Калимаҳои тасвирӣ ( тасвири овоз, ономотопоэтикӣ), калимахое, ки садои онҳо аз руи маъниашон каблан таъйин гардидааст. Дар забон калимаҳои тақлидӣ, калимаҳои тасвири овоз (иде-офонй) мавчуданд, ки садояшон оид ба шакл, ҳаракат, мавкеи ҷойгиршавй, сифатҳои предмет ва ғайра дар асоси робитаҳои байнихамдигарии ходисаҳои овозӣ ва ғайриовозӣ таассурот мебахшад. Масалан, калимаҳои милт-милт, ялт-ялт (дурахшидани чарог, ситорахо ва предметҳои дигар), хоп (садои ҳангоми чахидан), хаш-хаш (нафаскашй) ва ғайра Калимаҳои тасвирӣ мебо-шанд. Калимахое низ вучуд доранд, ки бо принципи морфологи аз Калимаҳои тасвири сохта шуда решаашон аз калимаҳои таклиди овоз ва идеофонй иборат аст: чирчирак, чокак, ку-ку, аккоси саг, шилдироси об ва ғайраҳо.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |