Калимуллоҳи Ҷаҳонободӣ
Калимуллоҳи Ҷаҳонободӣ форсӣ: کلیمالله جهانآبادی; 1650 ё 24 июн 1650, Деҳлӣ — 17 октябр 1729, Деҳлӣ) — донишманди ҳанафӣ ва орифи чиштӣ.
Калимуллоҳи Ҷаҳонободӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | олим, сӯфӣ |
Таърихи таваллуд: | 1650 ё 24 июн 1650 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 17 октябр 1729 |
Маҳалли даргузашт: | |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишПадарони Калимуллоҳи Ҷаҳонободӣ аз муҳандисону мунаҷҷимон ва меъморони маъруф буданд. Ӯ донишҳои маъмулро дар зодгоҳ омӯхт. Калимуллоҳи Ҷаҳонободӣ бо роҳнамоиву иршоди Абурризо Муҳаммад ва Бурҳонуддини Шатторӣ аз тоифаи тасаввуф шуд. Пас аз адои ҳаҷ чанд сол дар Ҳиҷоз монд. Ӯ ба шайх Абуюсуф Яҳё… (аз шайхони бузурги чиштӣ, фавт 1690) дар Мадина дасти иродат дод. Калимуллоҳи Ҷаҳонободӣ таълимоти силсилаҳои нақшбандия ва қодирияро назди Муҳаммад Ғиёс фаро гирифт. Дар бозгашт ба Деҳлӣ дар Хонум-Ко-бозор иқомат гирифт ва ба тадрису иршоди толибилмон пардохт. Калимуллоҳи Ҷаҳонободӣ муддати 50 сол дар он ҷо ба дарсу иршод машғул буд. Ба дастури шоҳ Аврангзеб барои ӯ хонақоҳе бунёд карданд. Калимуллоҳи Ҷаҳонободиро аз барҷастатарин шайхони чиштӣ дар рӯзгори худ ва эҳёкунандаи силсилаи чиштия дар Ҳинд донистаанд. Ӯ бар «Ташреҳу-л-афлок»-и Баҳоуддини Омилӣ ва «ал-Қонун»-и Ибни Сино шарҳ навишта, дар тасаввуфу ахлоқ ва шариат «Кашкӯл», «Мураққаъ» «Савоу-с-сабил», «Иршодоти Калимӣ», «Мактуботи Калимӣ», «Ашарату-л-комила», «Молобудда фӣ-т-тасаввуф», «Қуръону-л-Қуръон» ва «Илҳомоти Калимӣ»-ро таълиф кардааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Калимуллоҳи Ҷаҳонободӣ // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.