Калориметр
Калори́метр (аз лот. calor — гармӣ и metor — чен мекунам) - асбобест, ки ба воситаи он тағйироти миқдори гармо чен карда мешавад. Яке аз истифодаҳои калориметр муайян намудани гармиғунҷоиши хоси моддаҳост. Калориметр аз ду зарфи филизии сайқалии дарунбадарун, чархчӯб ва ҳароратсанҷ иборат аст. Фазои ҳавоии байни калориметр ва ҷилдзарф (зарфи калон) вазифаи маҳдудкунандаи додугирифти гармо (изолятор) - ро адо мекунад. Дар санҷишҳои калориметрӣ муҳим аст, ки додугирифти гармои калориметр ба муҳити атроф ҳарчӣ камтар бошад.
Санҷиш. Ба зарфи калориметр миқдори муайяни об рехта, ҳарорати онро чен мекунанд.[1]