Камолуддини Ҳусайнӣ

Камолуддини Ҳусайнӣ (форсӣ: کمال‌الدین حسینی‎, Мавлоно Камоли Ҳусайнӣ; 1450, Ҳирот — 1507, ҳамон ҷо) — навозанда, мусанниф, сароянда ва мусиқидони тоҷик-форс.

Камолуддини Ҳусайнӣ
Мавлоно Камоли Ҳусайнӣ
Таърихи таваллуд 1450
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1507
Пеша(ҳо) навозанда, сароянда

Зиндагинома

вироиш

Асос ва назарияи мусиқиро аз донишмандону устодони созу овози Ҳироту Самарқанд Маҳмуд Ҳусайнӣ, Мавлоно Алишоҳ, Амир Муртаз, Хоҷа Юсуфи Бурҳон, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид, Абулвафои Хоразмӣ, Хоҷа Шаҳобуддини Марворид омӯхтааст. Дар сознавозиву сарояндагӣ ва таснифи оҳанг маҳорати фавқулода дошт. Дар шаклу анвои шеърию мусиқии «амал», «савт», «кор», «рехта», «саҷъ», «нақш», «қавл», усулҳои «Барафшон», «Уфар», «Шодиёна», «Мухаммас», «Чанбар» ва мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Рост», «Бузург», «Ушшоқ» асарҳои созию овозӣ эҷод кардааст. Дар доираҳои ҳунарии Ҳирот, Марв, Бухоро ва Самарқанд шуҳрат пайдо карда буд. «Нақши Ҳусайнӣ», «Амали Равона», «Сунбулии Ҳусайнӣ», «Савти Ҳиротӣ» аз таснифоти машҳури ӯ мебошанд.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — С. 94. — ISBN 978-99947-49-13-3.