Камолуддин Ғаффор (форсӣ: کمال‌الدین غفار‎; қарни XVI) — наққош, хаттот ва китоборои машҳури давраи сафавӣ.

Камолуддин Ғаффор

Зиндагинома

вироиш

Дар Исфаҳон ба дунё омада, дар Шероз вафот кардааст. Асосҳои санъати хаттотӣ (катибанависӣ)-ро аз падараш омӯхта, баъдан назди Мавлоно Абдуллоҳи Шерозӣ такмил кардааст. Камолуддин Ғаффор дар ҷадвалкашӣ, зарҳалнигорӣ, сиёҳқаламӣ сабки хосса дошта, яке аз ҳунармандони моҳири замони хеш маҳсуб мешуд. Бино бар тавзеҳи Қозӣ Аҳмади Қумӣ дар «Гулистони ҳунар», Камолуддин Ғаффор дар сиёҳқаламӣ, ҳалкориву лаввоҳӣ камназир будааст. Асарҳои «Хамса»-и Низомӣ, девонҳои Ҳофиз ва Саъдиро хаттотӣ ва лаввоҳӣ кардааст. Катибаҳои Масҷиди Модари шоҳ (Исфаҳон) низ маҳсули ҳунари ӯст.

Адабиёт

вироиш