Камолуддин Ҳусайни Хоразмӣ
Камолуддин Ҳусайни Хоразмӣ (форсӣ: کمالالدین حسین خوارزمی[1]; 1470, Хоразм — 1551) — нависанда, шоир ва орифи форс-тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 1470 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1551 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш шаҳри Кошон. Камолуддини Кубравӣ пайрави силсилаи кубравия буда, нисбаташ ба Наҷмуддин Куброи Хоразмӣ мерасад. Камолуддини Кубравӣ ҳикмат, фиқҳ, забони арабӣ, мантиқ, тасаввуф, ҷуғрофия ва тиббу нуҷумро омӯхта, донишманди фозил ва орифи комил гардида буд[2].
Таълифоте андар тасаввуф аз қабили «Мақсаду-л-ақсо фӣ тарҷумати-л-Мустақсо» ва ду шарҳ ба «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ бо унвони «Ҷавоҳиру-л-асрор ва завоҳиру-л-анвор» ва «Кунузу-л-ҳақоиқ фӣ насоеҳи-л-аброр» ва ғайра дорад. Девони қасоиду ғазалиёташро саҳван ба Мансури Ҳаллоҷ нисбат додаанд. Барои бо аркону аҳкоми маъмули дини Ислом мутобиқат накардани андешаҳояш ҳомиёни дин ӯро ба куфру илҳод айбдор кардаанд[2].
Осор ва ашъори сӯфиёнаи Камолуддини Кубравӣ дар ташаккулу такомули баъдии силсилаи кубравия ва тарғиби ғояҳои тасаввуф аҳаммият доштанд[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ خوارزمی، کمال الدین. دایره المعارف بزرگ اسلامی.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Камолуддини Кубравӣ / М. Султонов, М. Диловаров // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.