Камолуддини Ҷамол (1075, Марв — 1118, Марв) — овозхон, барбатӣ, хаттот ва шоири форс-тоҷик.

Камолуддини Ҷамол
Аҳмади Камол
Таърихи таваллуд 1075(1075)
Зодгоҳ Марв
Таърихи даргузашт 1118(1118)
Пеша(ҳо) навозанда, сароянда

Зиндагинома

вироиш

Зодаи Марв ва бинобар ба ахбори манобеи хаттӣ дар зодгоҳаш фавтидааст. Аз овони ҷавонӣ ба сознавозӣ, омӯзиши асосҳои назарии мусиқӣ пардохта, бинобар ба ахбори «Лубобу-л-албоб…» (Муҳаммад Авфии Бухороӣ) «дар сознавозӣ ва овозхонӣ аъҷуби даҳр ва нодири Мовароуннаҳр». Муддате дар дарбори хонҳои салҷуқӣ Барқиёруқ (1094—1104) чун хаттот ва ромишвар хидмат кардааст. Низо-мии Арӯзии Самарқандӣ («Чаҳор мақола») ҳам ӯро аз нобиғони мусиқӣ (барбатӣ) дониста, дар мусиқии илмӣ (дар илми назарӣ вуқуфи тамом дошта) ба таълифоти мусиқии Уқлидус, Форобӣ, Ибни Сино тавзеҳоти ҷолибе ҳам доштааст.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 94 ISBN 978-99947-49-13-3