Камол Насрулло — шоир, Шоири халқии Тоҷикистон (2003). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1979). Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1998).

Камол Насрулло
Камол Насруллоев
Таърихи таваллуд: 25 декабр 1950(1950-12-25) (73 сол)
Зодгоҳ: деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ҶШС Тоҷикистон  Иттиҳоди Шӯравӣ
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир, рӯзноманигор
Ҷоизаҳо: Шоири халқии Тоҷикистон (2003), Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1998)

Зиндагинома

вироиш

Камол Насрулло 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии деҳкадаи Колхозчиён (Ғӯсар) фаро гирифта, соли 1971 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанберо ба итмом расондааст. Баъдан корманди Радиои тоҷик (1971-1974), моҳномаи «Машъал» (1974-1976), маҷаллаи «Садои Шарқ», (1976-1981), раҳбари Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (1981-1986), солҳои 1986-2013 муассис ва сардабири моҳномаҳои кӯдакон – «Чашма» ва «Родник» будааст. Соли 2013 муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин гардидааст.[1]

Эҷодиёт

вироиш

Нахустин чакидаҳои хомааш аз соли 1967 дар матбуоти даврӣ чоп шуда, дарак аз зуҳури ҷавоншоире умедбахш овардаанд. Баъдан ашъораш дар маҷмӯаҳои «Навгонӣ» (1978), «Барги зуф» (1980), Нидои шаҳидон (1981), «Гузаргоҳи дил» (1983), «Номаи боли кабӯтар» (1988), «Нома ба Офтоб» (1988), «То даме, ки лонаҳо гарманд» (1993), «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» (1996), «Дар фурудгоҳи як таманно» (2003), «Фаросӯйи нигоҳ» (2007), «Рӯ ба меҳроби Ватан» (2010), «Зангӯлаи фарёд»(2011), «Ашки сапеда» (2011) «Поиск пути» (дар маҷмӯаи «Молодые поэты Средней Азии». – Маскав, 1982), китоби алоҳидаи «За птицами вслед» (Маскав, 1987),маҷмӯаҳои гуногуни дастҷамъӣ ва маҷаллаву ҷаридаҳои бонуфузи умумииттифоқиву ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд.

Маҷмӯаҳои дигари ашъори ӯ – «Дар суроғи чашмаи овоз» (2007) ва «Гулхани гул (2013) дар Ҷумҳурии Исломии Эрон интишор ёфта, мавриди писанди ҳамзабонони бурунмарзӣ қарор гирифтаанд. Аз ривоҷу идомадиҳандагони муваффақи мактаби адабии устод Лоиқ буда, дар ашъораш, асосан, муқаддасоту муҳассаноти миллӣ, Модару Ватану Забон, ваҳдату рафоқати ҳамагонӣ, муҳаббату садоқату ҷавонӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсониро тарғибу тараннум кардааст. Дар танқиду чеҳранигории адабӣ ва очерку публитсистика ҳам дасти тамоме дошта, нисбат ба вақоеъи ҳассоси зиндагӣ ва таҳаввулоти ҷаззоби иҷтимоӣ ҳамеша мақому мароми сазовори шаҳрвандию ватандорӣ ва суханварию ҳунармандӣ зоҳир намудааст. Бо иддае аз оҳангсозу сарояндагони мумтози кишвар ҳамкории босамари эҷодӣ дошта, силсилаи таронаҳои бар матни ашъораш офаридашуда дар байни мардум аз иштиҳори тамоме бархурдоранд. Намунаҳои эҷодаш ба як қатор забонҳои мардуми ҷаҳон баргардон ва чоп шудаанд. Худаш низ дар тарҷумаи бадеӣ, махсусан, осори адибони рус, саҳми назаррас гузоштааст. Соли 1987 барои маҷмӯаи шеърҳои «Гузаргоҳи дил» сазовори Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон, соли 1998 барои маҷмӯаи ашъори «Тоҷикистонро дигар қисмат макун!» шоистаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гаштааст.[1]

Мукофот ва ҷоиза

вироиш
  1. 1.0 1.1 70 соли Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло(тоҷ.). www.kmt.tj. 2020-12-24. 2 апрели 2022 санҷида шуд.