Камонварӣ

(Тағйири масир аз Камонбозӣ)

Камонварӣ, камонбозӣ, тирандозӣ, нишонзанӣ — яке аз навъҳои машҳури варзиши миллӣ, ки таърихи қадимӣ дорад. Дар саросари кишвар нимфаъол аст[1].

Мусобиқаи камонварӣ дар Мунхенгладбах,Олмони Ғарбӣ (Mönchengladbach, West Germany), Июн 1983

Асбоби асосии ин навъи варзиши суннатӣ ка­мон мебошад, ки онро аз чӯби хамидаи абрушакл ва зеҳ месозанд. Чӯби хамидаро аз дарахтони зарбед, бед, санҷид ё газ сохта, ду нӯги онро бо устухон ё филиззоти ранга оро медоданд. Зеҳи камонро аз ресмони абрешим ё рӯдаи ҳайвонҳои хонагӣ месохтанд.

Таърих

вироиш

Камонварӣ дар давраҳои хеле қадим ба вуҷуд омадааст ва тасвиру ишораҳои он дар китобҳои бостонӣ бисёр ба на­зар мерасанд. Дар Авесто, дар «Меҳряшт» гуфта шуда­аст, ки: «Дар гардунаи Меҳри фарохчарогоҳ ҳа­зор ка­­­мони хушсохт ҳаст, басе аз онҳо ба зеҳи Гавасна орос­тааст. Тир аз ин камонҳо ба шитоби неруи хаёл пар­тоб шавад ва ба шитоби неруи хаёл ба сӯйи сари девон парвоз гирад…».

Дар асотири Эрони бостон Ораши паҳлавон тирандози беҳамто буда, рамзи камонварӣ ба шумор мерафт. Вақте ки шоҳи эрониён Манучеҳр бо Афросиёби тӯронӣ қа­­­рори сулҳ ва тақсими марзҳоро мекунанд, Манучеҳр паҳлавон Орашро ба наздаш хонда, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ба сӯйи Турон тир андозад. Қарор ин буд, ки то ба он ҷое, ки тир рафта ба замин нишинад, марзи Эрон дониста шавад. Ораш барои собит кардани неруи худ, бо тамоми қувва камонро кашида, ба самти Турон тир ме­андозад. Ӯ бароба­ри тир андохтан наъраи баланди ше­рона кашида, баданаш пора-пора мешавад ва пас аз партоби тир ба за­мин афтода ҳалок мегардад. Тир ба масофаи хеле дур парвоз карда, ба дарахти гирдаконе дар паҳ­луи дарёи Фа­рохкарт менишинад ва марзи Эрону Турон ҳамон ҷо муқаррар мешавад.

Ҳарчанд ин тасвирҳо асотирӣ бошанд ҳам, далели қадимӣ будани ҳунари камонварӣ дар байни ақвоми ориёӣ ба шу­мор мераванд. Дар манобеи таърихӣ низ ишораи би­­с­ёр роҷеъ ба рушди камонварӣ дар байни эрониён зикр шудаанд. Му­варрихи Юнони Қадим Ҳеродот навиштааст, ки халқ­ҳои Осиёи Миёна ба фарзандони худ аз синни панҷ­со­ла­гӣ аспсаворӣ ва камонвариро меомӯхтаанд.

Мардуми тоҷик камонвариро бо ду мақсад истифода мебурданд. Нахуст бо мақсади шикори парандагону ҷон­ва­ро­ни кӯҳӣ ва дуюм ҳамчун ҳунари ҷангӣ барои дифои Ватан. Тирандозӣ ва нишонзанӣ, хусусан, барои мар­ду­ми кӯҳистон хеле зарур буд, зеро ҷавонони де­ҳот касби шикорро ҳамчун касби аҷдодӣ аз хурдсолӣ ме­омӯх­танд ва ба он дилбастагии бисёр доштанд.

Дар гузашта тарбияи варзишии кӯдаконро ба се марҳала тақсим намуда, машғулиятҳои ҳар як марҳаларо муайян мекарданд. Марҳалаи якум давраи кӯдакӣ бу­да, машғулиятҳои одӣ аз дусолагӣ то 5-7-солагӣ идома меёфт. Марҳалаи дуввум ё худ давраи наврасӣ аз 7 то 15-16-солагӣ, марҳалаи севвум — давраи ҷавонӣ — 16-20-солагӣ буда, машқу машғулиятҳо беш аз пеш душвортар мешуданд. Дар ин давраҳо наврасону ҷаво­нон аспсаворӣ, тирандозӣ, найзаандозӣ, чавгонбозӣ, гӯш­тингирӣ, шикор ва ғайраро меомӯхтанд. Ҷавонон бояд ба гармою сармо ва камхӯрокӣ тобовар мешуданд. Он­ҳо дар маросиму ҷашну сурҳои оммавӣ, дар мусо­би­қа­ҳои халқӣ иштирок карда, ҳунари худро намоиш медоданд. Дар байни мардум намудҳои гуногуни оз­мун­ҳои халқӣ оид ба навъҳои варзиш, аз ҷумла, К, сурат мегирифтанд. Чунончи, зарбузӣ як навъи тиран­до­зӣ буда, паҳлавонон сари зону нишаста ба сӯйи нишона тир ме­андохтанд. Навъи дигари мусобиқаи ка­монварӣ сарас­па ном дошт. Тирандозҳо дар болои асп нишас­та, дар дави асп ба сӯйи нишона аз камон тир холӣ мекарданд. Дар водиии Хуф камонварҳо нишони ҳара­кат­кунанда­ро бо тир мезаданд. Онҳо ҷонваре (буз ё мурғ)-ро аз по­яш ба ресмон баста, сар медоданд ва аспро да­вонида ба он тир партоб мекарданд.

Намудҳои камонварӣ дар байни тоҷикон

вироиш

Дар байни тоҷикон ду намуди камонварӣ маъмул буд: камонварии пиё­да ва камонварии савора. Шахсоне, ки ба камонварии пиёда маш­ғул буданд, аз камони бузургтар истифода бурда, ҳан­гоми тирандозӣ зонуи худро ба замин такя дода, тирро ба нишон мерасониданд. Тири камонварони пиёда дарозтар буд. Камонварони моҳир аз масофаи 200 қадам ба ҳадафе, ки баробари чашми гов буд, бехато тирро мерасониданд. Камони саворагон хурдтар ва сабуктар буд. Он­ҳо камондони махсус доштанд, ки онро дар зи­ни асп овехта, дар он тиру камонро нигоҳ медоштанд. Камонварии савора нисбат ба камонварии пиёда мураккаб буда, но­зу­киҳои худро дошт. Тарзи ташкил ва баргузории му­со­би­қаи камонварони савора чунин буд: Дар майдони бараш 40-50 м ва дарозиаш 80-100 м як сутуни баландиаш 5-6-метриро рост ба замин устувор карда, дар нӯ­ги он нишон мегузоштанд. Мувофиқи қуръа ё таъ­йи­но­ти довар яке аз камонварон аспро аз ҷойи муқар­рар­шу­да давонида омада, ба нишон тир меандохт. Сипас са­вораҳои дигар аз па­си ӯ омада, бо навбат ба ҳадаф тир мезаданд. Натиҷаи му­собиқа аз рӯйи тир­ҳои ба нишон расида муайян карда мешуданд.

Камони кӯдакону наврасон ду зеҳ дошта, дар байни онҳо як порча чарми мулоим ё латтаи бадоштро ме­дӯх­­танд. Бачагон ба ҷойи тир сангчаҳоро ба даруни чарм гузошта, ба сӯйи нишон мепарониданд. Камони бачагонро «камонғӯлак» ё «ғӯлак» низ меномиданд.

Камонварон ва шикорчиён бовару эътиқодҳои худ­ро доштанд. Дар гузашта онҳо рисолаи касбии худро дошта, Паҳлавон Аҳмади Замчиро пири касби худ мешуморидаанд. Дар асрҳои охир навъи механикии камон — туфанг ихтироъ шуда, мавқеи камони зеҳдорро як ан­доза танг намуд. Дар бисёр навъҳои мусобиқаҳо ва ши­­ко­ри ҷонварон ҳоло ба ҷойи камон туфанг истифода мешавад.

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Аржанг» 2016, — С. 182

Адабиёт

вироиш
  • Сафаров Ш. Бозиҳои миллӣ ҳамчун тамаддуни халқи то­ҷикамонварӣ Д., 2011;
  • Суярқулов Т., Турсунов Н. Спорти халқи тоҷикамонварӣ Д., 1963;
  • Турсунов Н. Бозиҳои миллии тоҷикӣ. Д., 1983.

Сарчашма

вироиш
  • Камонварӣ / Д. Раҳимов // А — М. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-79-8.