Канали калони Ҳисор

Канали калони Ҳисор ё Наҳри калони Ҳисор[1] — калонтарин шабакаи обёриест дар водии Ҳисор. Аз дарёи Душанбе (Варзоб) об гирифта, то дарёи Қарятоқ ба масофаи 50 км тул кашидааст.

Бараш аз руи сатҳи об 32 м, чуқурии ҷӯй ба ҳисоби миёна 2 м. Канал 14,5 ҳаз. га замини ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Турсунзода ва беш аз 10 ҳаз. га замини ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарёи Узбакистонро аз об таъмин менамояд. Як қисми оби ҷӯй (15—25 м3/сон) ба дарёи Қарятоқ ҳамроҳ шуда, обёрии замини ноҳияҳои Турсунзодаю Деҳнавро беҳтар мегардонад.

Бевосита аз худи дарғот шохаи Душанбе (тулаш 2,5 км, сарфи об 10 метри мукааб/сон) cap мешавад, ки оби он дар миёнаҷо ба воситаи дюкер ба ҷӯи Алочабоф ҷудо шуда, барои эхтиёҷоти Шабакаи гармидиҳии Душанбе сарф мегардад. Аз канал ду истгоҳи насосӣ: Чоряккорон ва Навобод барои обёрии 1,5 ҳаз. га замин об мегирад. Дар канал 70 иншооти гидротехникӣ сохта шудааст. Аз ҳама калонтарини онҳо дарғоти дарёи Варзоб (дарёи Душанбе) ва дюкери деҳаи Хонақоҳ мебошад. Канал ба якчанд шохаҳо: Говкуш, Чоряккорон, Кампирқалъа, Ҳисор, Навобод тақсим мешавад, ки сарфи оби онҳо аз 2 то 6 м3/сон. аст. Аз канал ду истгоҳи насосӣ: Чоряккорон ва Навобод барои обёрии 1,5 ҳаз. га замин об мегиранд. Ҷӯй 12 сентябри соли 1942 ба истифода дода шудааст. Сохтмони ҷӯй дар таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамчун ҳашари машҳури халқии солҳои пеш аз ҷанг (1938—1942) дохил шуд. Охири соли 1940 дар сохтмони ҷӯй 100 ҳазор нафар колхозчиёни водиҳои Ҳисору Сурхондарё иштирок доштанд.[2]

  1. Шароити табиӣ: Обҳои рӯизаминӣ // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 16—17. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
  2. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 276—277

Адабиёт

вироиш
  • Алиев Қ. Одинаев С. «Сарчашмаи файзу саодат», Д.: «Ирфон», 2002.