Канзу-л-мусиқӣ
«Канзу-л-мусиқӣ» («Ганҷи мусиқӣ») — настаълиқи хоно, ба забони форсӣ-тоҷикӣ, муаллифаш номаълум, дар замони Муҳаммадшоҳ (хонадони Темуриёни Ҳинд 1719-1748)) нигошта шуда, ба номи Муъзизхон эҳдо гардидааст. Нусхаи «Канзу-л-мусиқӣ» (аслиаш) дар Китобхонаи Девони Ҳинд (№ 2265, 130 саҳифа) нигаҳдорӣ мешавад.
Аз муҳимтарин таълифоти мусиқӣ роҷеъ ба мусиқии классикии ҳинд-рогҳо ва таркиботи он дар иртибот бо мусиқии форсӣ-тоҷикӣ (аҷамӣ «Дувоздаҳмақом»). «Канзу-л-мусиқӣ» аз муқаддима ва се боб (фасл) таркиб ёфта, дар дебоча (муқаддима) тавсиф (шарҳи) мусиқӣ бо такяи тавзеҳи манобеи хаттии мусиқии то замони муаллиф, бо баъзе натиҷагириҳои тоза корбаст шудааст.
Муҳимаш он, ки муаллиф дар ҷараёни тафсири таркиботи назарии мусиқӣ (илми мусиқӣ) назари мусиқидонони ҳиндиро дар иртибот ба шарҳи мусиқӣ оварда ва дар заминаи он ба тафсири мушаххас дастёб шуда, ин усули шарҳи мураккаботи созу овозро дар боби аввал («Дар баёни рогҳо») идома, моҳияти илмии маҷмӯи мусиқии устодонаи ҳиндӣ на фақат дар зимни тавсифи маъмул, инчунин барои эътимодмандии усули таҳлилиаш муаллифи «Канзу-л-мусиқӣ» аз порчаҳои назмию насрии мусиқидон (дар сифати рогҳо) рисолаҳои доир ба «Дувоздаҳмақом» таҳлилу баррасии таркиботи ин шохаи муҳими созию овозии мусиқии ҳиндӣ буда, (сангит), ихтирооти мусиқии Амир Хусрав, Наяк Гупол ва дигарон дар иртибот ба дарку усули эҷоду иҷрои рогниҳо қаламдод шудаанд.
Боби саввуми «Канзу-л-мусиқӣ» («Дар баёни рогҳо ва мақомоти маъмула»-рогҳо ва «Дувоздаҳмақом») мисли муаллифони ас. 16-17 иртиботи ин ду падидаи эҷодии мусиқиро на фақат аз нигоҳи таъ-рихӣ, назариявӣ, инчунин эҷодию иҷроӣ, зарбӣ ва таносуботи шеърӣ (интихоби матнӣ) ва ғ. ба риштаи таҳлил овардааст. Назари таҳлили муқоисавии муаллифи «Канзу-л-мусиқӣ» дар заминаи осори хаттии мусиқии ҳиндию аҷамӣ (форсӣ-тоҷикӣ) ба субут расидааст. Аз ин нигоҳ метавон гуфт, ки «Канзу-л-мусиқӣ» аз муҳимтарин манобеи хаттии мусиқӣ дар ҳавзаҳои ҳунарии замони Темуриёни Ҳинд аст.
Адабиёт
вироишКанзу-л-мусиқӣ, нусхаи қаламии Девони Ҳинд, № 2257; Шуур А. Мероси мусиқии ҳиндӣ ба забони дарӣ, Торонто, 2004; Аъзамӣ, Доктор Шаъиб, Форсӣ адаб бе аҳд салотин Туғлуқ, Лакҳнав, 1985; Ethe H. Catalogue of Persian Manyscriptsin the Library of the India Office, vol.1, Oxford, 1903; Ансорӣ, Доктор Нурулҳасан, Форсӣ адаб бе аҳд Аврангзеб, Деҳлӣ, 1969; Эн-циклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душ., 1988.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 95 ISBN 978-99947-49-13-3
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |