Канизаки Мутриба (форсӣ: کنيزک مطربه‎; ?, Бухоро — ?, Ғазна) — хонанда, барбатнавоз, раққоса ва яке аз ромишгарони дарбори Масъуди Ғазнавӣ.

Канизаки Мутриба
форсӣ: کنيزک مطربه
Зодгоҳ Бухоро
Пеша(ҳо) навозанда, сароянда

Зиндагинома

вироиш

Зиндагӣ, фаъолияти эҷодии К. М. дар Бухоро, Ғазна (асосан дар дар-бори Маъсуди Ғазнавӣ) сурат гирифта, дар иҷрои таснифоти мавсимӣ, маросимӣ, навҳахонӣ, осори ҳамосӣ шуҳрат ёфта, ҳамкории ҳунарӣ бо Абдурраҳмони Қаввол, Ситтии Заррин дошт. Султон Масъуди Ғазнавӣ барои рақс ва сурудҳои Канизаки Мутриба туҳфаҳои қимматбаҳо инъом менамуд ва дар радифи аввалини ромишгарони дарбораш пазируфта ва ҳатто замони зиндонӣ буданаш аз ҳунари ӯ баҳравар будааст.

Адабиёт

вироиш
  • Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 95 ISBN 978-99947-49-13-3