Капрон, номи нахҳои полиамадии истеҳсоли ватани. Аз поли-8-капроамид ҳосил карда мешавад. Капронро дар мамлакатҳои дигар бо номи перлон (РДГ), силон (РСЧС), найлон-6, капролан (ШМА), амилан (Япония), боданил (Швейцария), целон (Англия) истеҳсол мекунанд.