Карамдӯлма
Карамдӯлма навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Гӯштро аз гӯштқимакунак мегузаронанд. Баъд онро бо бодинҷон, пиёзи реза, намак, мурч, оби 2-3 помидор ва як дона тухм хуб меомезанд. Баргҳои карамро аз ҳам ҷудо карда, дар оби ҷӯш 10-15 дақиқа нигоҳ медоранд. Сипас, ба барги мулоимшуда қима гузошта мепечонанд. Ба дег устухони аз гӯшт ҷудокардаро андохта ба рӯяш карамдӯлмаро мечинанду каме об рехта, болояшро мепӯшонанд. Ба шӯрбои дӯлма қаламфуру кабудӣ андохтан мумкин аст. Дӯлмаро 30-35 дақиқа дар оташи паст мепазанд. Таоми пухтаро ба табақҳо бо обаш кашида истеъмол менамоянд.
Барои як карами 2-2,5-килоӣ 1кг гӯшти серравған, 200 г биринҷ, 1 дона тухм, 3-4 дона пиёз, 2-3 дона помидор, мувофиқи табъ намак ва мурч, барои шӯрбояш 1 дона қаламфур, 1 қошуқча намак, 2-3 дона барги ғор лозим аст.[1]
Нигаред
вироишАдабиёт
вироиш- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
- Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988
Эзоҳ
вироиш- ↑ Таббохӣ/ Карамдӯлма. 13 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |