Карбон
Карбон (C)
КАРБОН (лот. Carboneum, аз carbo – ангишт), С, элементи химиявии гурӯҳи IV системаи даврии Менделеев, рақами ат. 6, массаи ат. 12,011. Дар табиат ду изотопи собит 12С (98,892%), 13С (1,108%) ва як радиоактиви К 14С(Т1/2 = 5,6 • 103 сол) маълуманд. Дар асоси изотопи 12С ҷадвали ҳозиразамони массаҳои атомӣ тартиб дода шудааст. Моддаи зинда 18%, чӯб 50%, ангиштсанг 80%, нефт 85% ва антрасит 96% К. доранд. К. дар пайвастҳояш бештар чорвалента аст; дар шароити муқаррарӣ нофаъол буда, ҳангоми гарм кардан сӯхта оксиди карбон (II ва IV) ҳосил мекунад. Дар ҳарор. баланд К. барқароркунандаи қавӣ мебошад; бо металлҳо – карбид, бо сулфур – сулфиди карбон, бо нитроген – сиан ҳосил мекунад.
К. элементи муҳими организм буда, асоси ҳаётро ташкил медиҳад. Ҳамаи он пайвастҳои органикӣ, ки дар таъмини қобилияти ҳаётии организмҳо иштирок мекунанд, асосан аз К. иборатанд. Қисми зиёди энергияи ба организм зарур бинобар дар ҳуҷайраҳо оксид гаштани К. ҳосил мешавад. Изотопи радиоактиви К. (14С) дар биология ва тиб истифода мегардад.
Инҷоро ҳам бингаред
вироиш- ↑ Шаблон:RubberBible86th
- ↑ Haaland, D (1976). «Graphite-liquid-vapor triple point pressure and the density of liquid carbon». Carbon 14 (6): 357–361. doi:10.1016/0008-6223(76)90010-5.
- ↑ Savvatimskiy, A (2005). «Measurements of the melting point of graphite and the properties of liquid carbon (a review for 1963–2003)». Carbon 43 (6): 1115–1142. doi:10.1016/j.carbon.2004.12.027.
- ↑ Fourier Transform Spectroscopy of the Electronic Transition of the Jet-Cooled CCI Free Radical. 6 Декабри 2007 санҷида шуд.
- ↑ Fourier Transform Spectroscopy of the System of CP. 6 Декабри 2007 санҷида шуд.
- ↑ Carbon: Binary compounds. 6 Декабри 2007 санҷида шуд.
- ↑ 7.0 7.1 7.2 7.3 7.4 Properties of diamond, Ioffe Institute Database
- ↑ Material Properties- Misc Materials. www.nde-ed.org. 12 ноябри 2016 санҷида шуд.
- ↑ Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 978-0-8493-0464-4.
- ↑ History of Carbon and Carbon Materials - Center for Applied Energy Research - University of Kentucky. Caer.uky.edu. 12 сентябри 2008 санҷида шуд.
- ↑ Senese, Fred. Who discovered carbon?. Frostburg State University (9 сентябри 2000). 24 ноябри 2007 санҷида шуд.