Карим Сангинович Сангинов (18.12. 1923/14.09.1989) - роҳбарии факултетро (факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ) дар солҳои 1958-1959 ба уҳда доштанд. К.С.Сангинов Донишгоҳи омӯзгории Тошкандро (1941) хатм намудааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ (1950), дотсент (1952), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) мебошад. Дар Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) (1946-1949) таҳсил намудааст. Дар вазифаҳои муаллими калони Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (1950-1952), дотсенти кафедра (1952-1984), проректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин кор кардааст. Муаллифи бештар аз 40 асари илмӣ мебошад. Бо ордену медалҳои ҷангӣ ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Карим Сангинов
Карим Сангинович Сангинов
Таърихи таваллуд 18.12. 1923
Таърихи даргузашт 14.09. 1989
Пеша олим

Пайвандҳо

вироиш