Кашфу-л-ҳақоиқ
«Кашфу-л-ҳақоиқ» (ар. کشف الحقایق) — асаре ба забон форсӣ дар мавзӯъи тасаввуфу ирфон навиштаи Азизиддин ибни Муҳаммад Насафӣ.
Зоҳиран муҳимтарин таълифи Насафӣ «Кашфу-л-ҳақоиқ» аст. Вай дар муқаддимаи китоб мегӯяд: ин китобро ба хоҳиши «ҷамъе аз дӯстони якдил ва дарвешони комил» таълиф кардааст то ба саволҳои онон «баёни шофӣ» ва «ҷавоби кофӣ» гуфта бошад.