Каҷол Аггарвал
Каҷол Аггарвал (ҳиндӣ: काजल अग्रवाल, англ. Kajal Aggarwal; тав. 19 июн 1985, Мумбай, Ҳиндустон) — ҳунарпеша, сароянда ва модели ҳинд. Ӯ дар филмҳои бо забонҳои телугу, ҳиндӣ ва томилӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Дебюти ӯ дар Болливуд соли 2004 дар филми «Хайр! Ошиқ шуди?» (Kyun! Ho Gaya Na…) дар нақши хурдакаке буд. Машҳуриятро баъди иҷрои нақши асосӣ дар филми «Ҷанговари асил» (Magadheera) соли 2009 ба даст овард, ки бо Рам Чаран Теҷа иҷро намудаанд. Филм яке аз муваффақтарин филми сол гардид. Дорандаи якчанд ҷоиза дар номзадии "беҳтарин ҳунарпеша" буда, се маротиба дар маросими ҷоизасупории Filmfare Awards South номзад шудааст. Ва яке аз ҳунарпешаҳои серталаб дар синамо ба ҳисоб меравад.
англ. Kajal Aggarwal | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Kajal Aggarwal |
Таърихи таваллуд: | 19 июн 1985 (39 сол) |
Зодгоҳ: | Мумбай, Маҳараштра, Ҳиндустон |
Шаҳрвандӣ: | Ҳиндустон |
Касб: |
ҳунарпеша модел сароянда |
Корнома: | 2004-то ҳол |
IMDb: | ID 2570245 |
Парвандаҳо дар Викианбор |