Кина
Кина (форсӣ: کینه ‒ ғараз), ҳиқд ‒ душманӣ, бадхоҳӣ ва озори касеро дар дил пинҳон доштан; дар ахлоқ аз сифатҳои накуҳида ва разилаи инсонӣ.
Кина самараи ғазаб аст. Вақте одамӣ бар дигаре хашм мегирад ва ба сабаби нотавонӣ аз интиқом ё чораи дигаре он вақт изҳори ғазаб накарда, хашми худро фурӯ мебарад ва дар дили худ пинҳон месозад, кина ҳосил мешавад. Кина аз адоват фарқ дорад. Адоват самараи кина аст, зеро вақте кина қувват мегираду шадид мегардад, хизонаи дил аз муҳофизати он оҷиз мемонад, пас, кинавар интизории фурсат мешавад, то онеро, ки душман медонад, ошкоро азият диҳад ё ба ӯ изҳори адоват кунад. Бисёр вақтҳо сифатҳои зишту нописандидаи дигаре чун ҳасад, ғайбат, дурӯғ, бӯҳтон, айбҷӯӣ, истеҳзо ва амсоли инҳо низ аз кина пайдо шуда, дунё ва дини одамиро фосид мекунанд. Дар ривоятҳо ва осори ахлоқӣ кина бисёр мазаммат шудааст. Паёмбар (с) фармудаанд, ки «муъмин кинаварз нест».
Коргоҳи хашм гашту кинварӣ,
Кина дон асли залолу кофарӣ.Ҷалолуддини Балхӣ
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Кина / С. Наимӣ // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.