Киндер-сюрприз (итол. Kinder Sorpresa, «ҳадяи кӯдакона», аз олм. Kinder — «кӯдакон») — тухм аз шоколад бо туҳфа, ки дар дарунаш бозича ҷойгир шудааст. Тамғаи тиҷоратӣ ба ширкати итолиёии Ferrero тааллуқ дорад. Офарандаи «киндер-сюрприз» Виллям Саличе мебошад, вай дар корхонаи қаннодии Ferrero зиёда аз 40 сол, аз соли 1960 то ба нафақа баромаданаш, соли 2007 кору фаъолият намудааст. Виллям Саличе шахси бовариноки соҳибмулк Микеле Ферреро буд. Истеҳсоли тухмҳои шоколадиро ин ширкат аз соли 1972 ба роҳ мондааст.

Бозичаҳо аз «Киндер-сюрприз» ҳамчун ашёҳо барои коллексия чи дар байни калонсолон ва чи дар байни кӯдакон маъруфият доранд.

Ҳарсол ширкати Ферреро зиёда аз сад намудҳои гуногуни ҳадяҳоро барои муштариён пешниҳод мекунад.

Фикри ба даруни тухм ҷойгир кардани бозичаҳо қабл аз киндер-сюрприз низ вуҷуд дошт.

Тухми шоколади, ки аз дарунаш бозича ҳамчун туҳфаи ҷолиб барои кӯдакон ва ҳаводорони Киндер-сюрприз бароварда шудааст.

Бехатари вироиш

Тухмҳои Kinder Surprise, ки ширкати итолиёвии Ferrero истеҳсол мекунад, бо мақсади бехатарӣ, барои бози кардан ба кӯдакони аз 3 сола поён иҷозат дода намешаванд. То ин ки кӯдакон бозичаҳои хурдакакро, ки дар даруни тухми шоколадини Kinder Surprise ҷойгиранд, фурӯ набаранд.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш