Киномаҷалла
Киномаҷалла – барориши кинои даврии иттилоотӣ (навъи кинохроника), ки аз лаҳзаҳо - сужаҳои ҷудогонаи ифшокунандаи ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таркиб ёфтааст.Киномаҷалла одатан аз 1 қисм (250-300 см) иборат буда, чанд сюжет дорад ва мувофиқи мазмуну мундариҷа ба маҷаллаҳои хроникавии расмӣ, соҳавӣ, ҳаҷвӣ, бачагона ва ғайра тақсим мешаванд. Истеҳсоли Киномаҷалла дар ИҶШС аз соли 1918 (аз кинои ҳафтаина «Кинонеделя») шакл гирифтааст. Солҳои 1922-1924 киномаҷаллаи «Киноправда» мебаромад, ки ташаббускору ташкилотчии он кинорежиссёр ва назариётчии барҷастаи кинои ҳуҷҷатии советӣ Д. Вертов буд. Солҳои 1923-1925 киножурнали «Госкинокалендарь», аз соли 1925 «Совкиножурнал», аз 1930 «Союзкиножурнал», аз соли 1944 «Новости дня» (моҳе 5 маротиба) ба экран мебаромад. Аз охири соли 1984 ба ҷойи «Новости дня» - «Навигариҳо рӯз»: Киножурнали нави «Хроника наших дней» - «Воқеаҳои айёми мо», соле 48 шумора истеҳсол мешавад. Дар СССР беш аз 50 номгӯи киножурнал мебаромад, ки «Советский спорт» («Варзишӣ шӯравӣ»), «Селское хозяйство» («Кишоварзӣ»), «Наука и техника» («Илм ва техника»), «Горизонт» («Уфуқ»), «Строительство и архитектура» («Сохтмон ва меъморӣ»), «Здоровье» («Тандурустӣ»), «Иностранная кинохроника» («Кинохроникаи хориҷӣ»), «Альманах кинопутеществий» («Алманахи киносаёҳат»), «Звёздочка» («Ситора»), «Хочу все знать!» («Ҳама чизро донистан мехоҳам!») ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Аз соли 1962 киножурнали умумиитифоқии ҳаҷвии «Фитиль» (сармуҳаррир С. Михалков) таҳия мегардид. Дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ Киножурналҳои хроникавӣ ва ҳаҷвӣ истеҳсол мешуданд.
Дар Тоҷикистон таҳияи аввалин киномаҷаллаи тоҷикӣ («Дар саросари Тоҷикистон») соли 1929 оғоз ёфт. Аз даҳсолаи 1930 то пошхӯрии шӯравӣ киномаҷаллаи «Тоҷикистони советӣ» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба экран мебаромад. Нахустин шумораҳои киномаҷаллаҳоро операторҳо В. Кузин, А. Шевич ва режиссёр Н. Гезулин ба навор гирифтаанд. Дар даҳсолаи 1960 киномаҷаллаҳои соҳавии «Санъати Тоҷикистон» ва «Пионери Тоҷикистон» истеҳсол мешудаанд. Аз соли 1971 киножурнали ҳаҷвии «Калтак» дар се моҳ як маротиба таҳия мешуд.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 128. ISBN 978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |