Абдулатиф Кироми Бухороӣ (форсӣ: کرام بخارایی‎; садаи XVII) — шоири форс-тоҷик.

Кироми Бухороӣ
Зодгоҳ:
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ ва форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Кироми Бухороӣ дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, ба камол расид, аммо ба иллати беқадрию хориву зорӣ маҷбур тарки ватан кард. Дар оворагию дарбадарӣ умр ба сар мебурд. Пас аз саргардониҳо боз ба Бухоро баргашта, боқии умрашро дар кунҷи узлат гузаронд. Кироми Бухороӣ шоири соҳибдевон будааст. Ҳоло 4 нусхаи девони ӯ пайдост, ки комилтарини он 1000 ғазалро дар бар мегирад. Кироми Бухороӣ яке аз беҳтарин сухансароёни қарни XVII ба шумор меравад. Дар ашъори ӯ муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти иҷтимоии давр инъикос ёфтааст. Ашъори ӯ аз ҷиҳати тасвири вазъи ноҳинҷори замон ва танқиди он бо эҷодиёти Саййидои Насафӣ ҳамоҳангӣ дорад. Кироми Бухороӣ ғамхору дилсӯзи халқи ҷафокаш буда, аз хусумату низои табақаи ҳукмрон, куштору хенрезиҳои подшоҳон, бешафқатии аҳли ҷоҳ ғусса хӯрдааст. Кироми Бухороӣ дар ғазалиёташ ба мавзуи ишқу ошиқӣ камтар тавваҷҷуҳ карда, бештар масъалаҳои иҷтимоию ахлоқиро ба миён гузоштааст. Ӯ сабки қадима ва суннатии ғазалсароиро дар шакли ниҳоят сода давом дода, ба Соиб ва Ҳофиз пайравӣ кардааст. Ғазалиёти ӯ дар забон ва тарзи баён ба завқу салиқаи шеършиносону шеърдонон мувофиқ буд. Аз калимаву таъбирҳои омиёна истифода кардааст.

Абёти зер аз ӯст:

Дӯстӣ кун пешаи худ, бо касе душман мабош,
Бо ҳарифони мулоим сахт чун оҳан мабош...
Корвони зиндагонӣ бар сари роҳи фаност,
Як замоне ғофил аз андешаи рафтан мабош.
Хор бо мижгони худ бояд гирифт аз пойи халқ,
Дар ҳавои олами таҷрид чун сӯзан мабош...
Ҳосилат чун сарв аз озодагӣ дасти тиҳист,
Дар гиреҳ аз фикри кишту донаи хирман мабош...
Хасмро аз дӯстӣ оҷиз тавон кардан, Киром,
Хар кӣ душман бо ту гардад, ту бо ӯ душман мабош.

Адабиёт

вироиш