Китобдори хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон

Китобдори хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон — унвони фахрӣ, ки бо Қарори Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9 майи соли 1957 таъсис ёфта буд ва дар соли 1964 бо номи Коркуни хидматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон иваз карда шуд.

Он асосан ба директорон, мудирон, китобдорон, библиографҳо, методистони китобхонаҳо, кормандони муассисаву ташкилотҳои маданию маърифатӣ, раёсату шуъбаҳои маданияти кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ, ки зиёда аз 11 сол бенуқсон хидмат кардаанд, дода мешуд.

Китобдорони шоиста вироиш

Ба гирифтани унвони К. ва нишони сарисинагии он шахсони зерин мушарраф гардидаанд:

  • 1957: С. И. Иброҳимов, С. Х. Икромова, Л. В. Люперсолская, Т. А. Моисенко, А. Неъматов, Е. В. Сперанская, Р. О. Талман, М. А. Қосимова;
  • 1958: С. Акимшоева, Н. О. Бутковская, Е. К. Егошина, Е. А. Хохлова;
  • 1959: А. П. Синитсина;
  • 1961: О. Азимова, О. Алидӯстова, Ф. В. Ансупова, М. Аҳмадова, Н. Бойназарова, С. Бурҳонова, Е. В. Воронина, Л. А. Дектарева, Ҳ. Карагузина, Т. А. Ламзина, Х. Маҳкамова, М. Маҳмудова, Т. А. Морозова, Э. Муҳаммадиев, Ш. Осимова, З. Г. Полунина, М. Т. Прахова, К. Н. Саприкина, Т. А. Скворсова, А. Собирова, Ҳ. Солибоева, Г. М. Сушко, З. М. Шевченко, М. А. Шутова, О. Юсуфова.

Китобдорони хидматнишондода бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз мегардиданд.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

итобдори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон / Ҷ. Каримов // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.