Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Китобхонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино — аз соли 1939 фаъолият намуда, ба ташаккули анъанаҳои хоссаи китобдории худ муваффақ гаштааст. Тайи солҳои сипаришуда маҳсули зиёди нашриётиро дастраси мухлисони адабиёти тиббӣ дар Тоҷикистон ва хориҷи он гардонида аст. Китобхона дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобхона» (аз 01.08.2003 ва 29.12. с.2010), фармону дастурҳои Вазорати тандурустии ҶТ, Вазорати маорифи ҶТ, фармонҳои донишгоҳ ва ҳамчунин Низомномаи китобхонаи илмии Донишгоҳ (аз 30.08.2013) фаъолият мебарад.

Фонди умумии китобхона дар 01.12.с.2013 — 701 498 ҳазор нусхаро ташкил мекард, ки 532 345 (75,8%) нусхаи он адабиёти таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 169 153 (24,2%) адад захираҳои электронӣ мебошад. Шуъбаҳо:

  • маълумотдиҳӣ-библиографӣ
  • пуррагардонӣ ва коркарди адабиёт
  • Китобхонаи электронӣ
  • Толори хониши № 1
  • Толори хониши № 2
  • Толори хониши № 3
  • Абонемент ва шуъбаи нигаҳдорӣ
  • Толори тиб ва табиатшиносӣ
  • Маркази фарҳанги Эрон

Сомонаи китобхона

вироиш

Фаъолияти сомона www.sinolib.tj аз феврали соли 2011 оғоз ёфтааст. Аз сомона оид ба таърихи китобхона, сохтори китобхона, низомномаҳо, захираҳои таълимии кормандони кафедраҳои донишгоҳ, захираҳои электронї, чорабиниҳое, ки китобхона мегузаронад, маълумот ба даст овардан мумкин аст. Аз сомонаи китобхона дар як сол зиёда аз 22 ҳазор нафар истифода мебаранд.[1]