Клод Луи Бертолле (фр. Claude Louis Berthollet; 9 декабри 1748, Таллуар (Савойя) — 6 ноябри 1822, Аркёй) — кимиёшиноси фаронсавӣ, доктори илмҳои тиб (1770), узви АИ Париж (1780), асосгузори таълимоти мувозинати кимиёӣ, профессори кафедраи кимиёи Мактаби политехникӣ ва Мактаби олии ҳамагонии Париж (1794).

Клод Луи Бертолле
фр. Claude Louis Berthollet
Таърихи таваллуд 9 декабр 1748(1748-12-09)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 ноябр 1822(1822-11-06)[4][2][3][…] (73 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ кимиё[6], сиёсат[6] ва пизишкӣ[6]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Antoine Lavoisier[d]
Шогирдон Гей-Люссак, Жозеф Луи
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Таҳқиқоти асосии Бертолле кимиёи ноорганикӣ, кимиёи маҳлулҳо ва хӯлаҳоро дар бар мегирад. Б. таркиби аммиак (1785), гази ботлоқӣ (1781) ва кислотаи сианидро муайян намуд. Нуқраи тарканда (фулминати нуқра) ва усули ҳосил намудани хлорати калий («намаки Бертолле»)-ро кашф кард. Нахустин усули сафедкунии матоъ, мум ва коғазро бо хлор (1785) истифода намуда, хосияти кимиёии моддаҳои таркибашон тағйир ёбандаро, ки баъдтар Н. С. Курнаков бертолидҳо номид, пешгӯӣ кард. Солҳои 1798-99 мушовири илмии Наполеон буд. Соли 1804 ба унвони граф соҳиб шуда, сенатори музофоти Монпелйе таъйин гашт. Бертолле соли 1807 аз хидмати расмӣ даст кашида, ҷамъияти илмие барпо намуд, ки бисёр олимони машҳури Фаронса аъзои он буданд.

Адабиёт

вироиш
  • Волков В. А., Вонский Е. В., Кузнецова Г. И. Выдающиеся химики мира. М., 1991.

Сарчашма

вироиш