Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ» — яке аз калонтарин ва қадимтарин муассисаҳои таълимӣ дар вилояти Суғд аст, ки 90 сол инҷониб дар тарбияи кадрҳои соҳаи тиб хизмат мерасонад. Таълимгоҳ дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Б. Исҳоқӣ
Соли асосгузорӣ 1932

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳр дар заминаи курси 9-моҳаи назди дорухонаи шаҳрӣ соли 1932 ташкил шудааст. Соли аввал 100 нафар ҷавонон қабул карда мешаванд. Омӯзишгоҳ то соли 1934 дар ҳавлии мактаби ба номи М. Беҳбудӣ (ҳоло мактаб-гимназияи №1) ва дар ҳавлии Қаландархона (собиқ фабрикаи қаннодии шаҳр) ҷойгир буд. Соли 1937 бинои имрӯзаи коллеҷ сохта мешавад.
Соли 1935 аввалин бор техникуми тиббиро 12 нафар хатм мекунанд.

Таърих вироиш

Асосгузор ва нахустин директори таълимгоҳ М. Бадалов, мудири қисми таълимӣ Олибоев X. X. (минбаъд ректори Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе, намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон дар назди Совети Вазирони ИҶШС дар шаҳри Москва). Соли 1932 дар назди курси тиббй факултаи кормандони тиб (рабфак) кушода шуд, ки директори он А. Сатторов таъйин гардид.
Соли хониши 1933-1934 техникуми тиббй бо факултаи кормандони тиб муттаҳид карда, комбинати тиббӣ-таълимӣ номгузорӣ гардид: Директори комбйнати тиббй У. Мӯъминов аввалин духтур аз байни тоҷикон, буд.
Солҳои аввал техникум аз рӯи ду ихтисос-фельдшерӣ ва фармастевтӣ мутахассис тайёр менамуд. Соли 1933 ба ин ду шӯъба 120 нафар донишҷӯ қабул гардида буд, Дар қатори омӯэгорон духтурони номӣ низ дарс медоданд. Аз ин ҷумла, С. А. Новикова, В. Э. Шаров, В. Н. Куликов, О. Хӯчаев, А. Я. Ляпунов, Е. Н. Крилов, Х. И. Шарипов, Т. С. Сукоян, И. Я. Бобохӯҷаев, Б. Садрулин, А. Ф. Рустамов. Дар солҳои Ҷанғи Бузурги Ватанӣ 320 нафар донишҷуёни таълимгоҳ муассисаро хатм намудаанд.
Бо қарори Президиуми Шӯрои Ояии ҶШС Тоҷикистон 28 июни еоли 1954 ба техникуми тиббй номи академик И. П. Павлов додашуд. Соли 1955 техникуми тиббии шаҳри Ленинобод ба омӯзишгоҳи тиббй табдил дрда, аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисрни тиббй тайёр менамуд: санитарию-фелдшерӣ, фелдшер-лаборант, ҳамшираи тиббӣ-муолиҷавӣ, ҳамшираи тиббии муассисаҳои муолиҷавии бемориҳои: баччагона, техникаи дандон, духтури дандон. 16 марти соли 1999 омӯзишгоҳи тиббй ба Коллеҷи тиббӣ табдил дода шуд, ки нахустин сарвари он Иномҷонов М. И. таъйин карда мешавад. Оид ба сояҳои сарварии духтури бачагона, Аълочии тандурустӣи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. И. Иномҷонов баҳои баланд медиҳанд, ки 11 сол дар ин вазифаи пурмасъулият крркардааст.
Ҳоло роҳбарн имрӯзаи коллеҷ номзади илми тиб, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Х.Мавлонов мебошад. Имрӯз дар коллеҷ 180 нафар омӯзгорон, аз он ҷумла, се нафар номзади илм, 1 нафар профессор (Нурматов А.), 1 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурӣ, 4 нафар дорандаи медали Хидмати шоиста, 8 нафар Аълочии тандурустии Ҷумҳурӣ, 3 нафар Аълочии маорифи Тоҷикистон, 8 нафар пизишки дараҷаи олӣ, 21 нафар омӯзгорони дараҷаи олй, 14 нафар дорандаи Ифтихорномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра.

Кафедраҳо вироиш

  • фанҳои гуманитарӣ,
  • забонҳо;
  • касалиҳои амрози дарун;
  • момойва бемориҳои амрози занона;
  • касалиҳои амрози бачагона;
  • тибби оилавӣ;
  • кимиё ва табиатшиносӣ;
  • анатомия ва физиология;
  • иттиҳодияҳои методаи микробиология ва * беҳдошт
  • фарматеевтика;
  • ҷарроҳӣ;

Коллеҷ дар айни замон вироиш

Имрӯз Коллеҷи тӣббӣ дорои 130 кабинету лабораторияи фаннӣ, 8 толори лексионӣ, кӣ ба тарзи замонавӣ муҷаҳҳазанд, 2 кабинети фанни компутерӣ, ки бо шабакаи интернет пайваст аст, китобхона ва қироатхона, ки дорои 60 ҷои ншпаст, толору майдончаи варзиш, ошхона, нуқтаи тиббй, маҷлисгоҳ барои 150 ҷойи нишаст, тояори конфронс, бойгонӣ, утоқи муҳосибот ва хазинадор мебошад. Теъдоди адабиётҳои китобхонаи коллеҷ 78.285 номгӯйро дарбар гирифтааст, ки аз он 41302 номгӯӣ адабиётҳои соҳаи тиб, 16421 номгӯӣ адабиёти бадеӣ, 8344 номгӯӣ адабиёти соҳавӣ, 11536 номгӯӣ адабиёти соҳаҳои гуногун, 682 номгӯй адабиёти гуманитарӣ мебошад.

Эзоҳ вироиш

Адабиётҳо вироиш