Комбайни карамгундор

КОМБАЙНИ КАРАМГУНДОР - мошинест барои карамгундори. Комбайни карамгундор навъҳои миёна ва дерпази карамро канда, аэ хок, хасу хасреза чудо карда, ба воситаҳои наклиёти боркаш бор мекунад. Комбайни карамгундор асосан нимовеза мешавад. Дар шароити ҶШС Тоҷикистон бештар Комбайни карамгундор- МСК-1 (ниг. раем) истифода мегардад. Кисмҳои асосии кори: рама, аппарати бурранда, тахвилнавори кабулкунанда, баргчудокун, мизи назорати, элеватори боркунанда, чархҳои ҳаракат ва механизмхри чархзананда. Комбайни карамгундор ҳангоми кор аз ноҳ карамаш гундошташуда ҳаракат мекунад.