Комили Хоразмӣ (форсӣ: کامل خوارزمی‎), номи аслияш Паҳлавон Ниёзмуҳаммад Мирзобошӣ (1825, Хева — 1899, ҳамон ҷо) — шоир, мусиқидон, хонанда, танбӯрӣ, хаттот ва мутарҷими узбектабори Хоразм.

Комили Хоразмӣ
Таърихи таваллуд: 1825
Таърихи даргузашт: 1899
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: ӯзбекӣ

Зиндагинома

вироиш

Адабиёт, фалсафа, илоҳиёт, забонҳои форсию арабиро дар мадрасаи Хева ва асосҳои назарию амалии мусиқии классикӣ (мақом)-ро дар Бухоро фаро гирифтааст (танбӯрнавозиро аз Дилкаши Танбӯрӣ ва шеъру фалсафаро аз Аҳмади Дониш омӯхтааст). Комили Хоразмӣ дар заминаи адвори 18-хаттаи барои танбӯр ихтироъкардааш мақомҳои хоразмиро сабт кардааст. Ин низоми нави Комили Хоразмӣ дар таҷрибаи мусиқӣ васеъ истифода нашуда бошад ҳам, дар таҳқиқи сохтори пардаии мақомҳои замонаш манбаи муътамад маҳсуб мешавад. Комили Хоразмӣ бо ҳамин усул қисми аввали мақоми «Рост» ва баъди вафоти ӯ писараш Муҳаммадрасул Мирзобошӣ (1870—1916) қисми боқимондаи мақомҳои хоразмиро ба нота гирифтааст. Нотанавиштаҳои писараш нусхабардорӣ шуда, дар хазинаи дастнависҳои АИ Ҷумҳурии Узбекистон (Р: 1199) маҳфузанд. Комили Хоразмӣ дар мақоми «Рост» шохаҳои «Мураббаи Комил», «Пешрави Фирӯз»-ро тасниф кардааст. Соҳибдевон буд, ғазал, мухаммас, маснавӣ ва рубоию қасидаро некӯ мегуфт.

Дастнависи девони Комили Хоразмӣ дар Институти шарқшиносии АИ Узбекистон маҳфуз аст. Дар рассомию хаттотӣ низ маҳорат дошт. Котиб ва раҳбари девони ҳокими Хева (Сайид Муҳаммад ва Муҳаммад Раҳимхони II) буд ва беш аз 50 котибу мусиқишиносро таълим додааст. Ба Маскав, Санкт-Петербург (1873, 1883), Тошканд (1891, 1896) сафар кардааст. Чанд асар («Маҳбубу-л-қулуб»"-и Маҳмуди Фароҳӣ, «Латоифу-т-тавоиф»-и Фахруддин Алии Сафӣ, «Калила ва Димна»)-ро аз форсӣ ба узбекӣ баргардондааст.

Адабиёт

вироиш