Комилҷон Бойматов (тав. 18.01.1955 н. Ашт, ваф. 16.05.2020, ш. Душанбе) — омӯзгор, муаллими фанни риёзӣ.

Комилҷон Бойматов
Комилҷон Бойматов
Таърихи таваллуд 18 январ 1955(1955-01-18)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт
Таърихи даргузашт 16 май 2020(2020-05-16) (65 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Зиндагинома

вироиш

Комилҷон Бойматов соли 1991 факултети математики ДДОТ ба Т. Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1992-2020 ҳамчун ассистент, муаллими калон дар кафедраи геометрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор мекард. Солҳои 1991-1992 коромўз-тадқиқотчии Донишгоҳи давлатии ш. Қазон буд. Оид ба масъалаҳои умумии геометрия ва таълими он дар мактаби олӣ кори илмӣ мебурд. Муаллифи зиёда аз 20 асар, 40 мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ ва фишурдаҳои илмию методӣ мебошад. Бо Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қадрдонӣ шудааст.

  • Ҳалли масъалаҳои математикӣ барои дохилшавандагони мактабҳои олӣ (ҳаммуаллиф). Д., 1996;
  • Ҳалли масъалаҳо бо ёрии тартибдиҳии муодилаҳо (ҳаммуаллиф). Д., 2004;
  • Методҳои ҳалли масъалаҳои матнӣ (ҳаммуаллиф). Д., 2016;
  • Математика. Супоришҳои 136 тестӣ барои синфи 4 (ҳаммуаллиф). Д., 2013, 2014, 2016, 2018;
  • Математика. Супоришҳои тестӣ барои синфи 5 (ҳаммуаллиф). Д., 2014, 2015, 2019;
  • Практикуми математикаи мактабӣ (ҳаммуаллиф). Д., 2016; Математика (ҳаммуаллиф). Д., 2016;
  • Маҳфили математикони ҷавон (ҳаммуаллиф). Д., 2018;
  • Асрори ададҳо (ҳаммуаллиф). Д., 2019;
  • Масъалаҳои олимпиадаи математикӣ. Синфҳои 5-7 (ҳаммуаллиф). Д., 2019;
  • Комплекси таълимию методӣ аз фанни геометрияи проективӣ. Д., 2019;
  • Комплекси таълимию методӣ аз фанни геометрияи бисёрченака. Д., 2019;
  • Учебно-методический комплекс по многомерной геометрии. Д., 2019;
  • Геометрия. Ҳалли масъалаҳо (ҳаммуаллиф). Д., 2020;
  • Ҳабдаҳ муодилае, ки оламро таѓйир додааст (ҳаммуаллиф). Д., 2020.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ