Комилҷон Ғаниев (21 январи 1950, деҳаи Тахт, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон — 10 январи 2023, ноҳияи Ҳисор, Тоҷикистон) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003).

Комилҷон Ғаниев
Таърихи таваллуд 21 январ 1950(1950-01-21)
Зодгоҳ деҳаи Тахт, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 10 январ 2023(2023-01-10) (72 сол)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Ҳисор, Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 1967—2023
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990)
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2003)

Зиндагинома

вироиш

Комилҷон Ғаниев даврони ҷавонӣ ба суруду тарона шавқ дошт ва пас аз хатми мактаби миёна ба Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин рафта дар соли 1967 онро хатм кардааст[1].

Пас аз хатми омӯзишгоҳ ба шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор омада, чанд сол ба клуби сайёр сарварӣ намудааст. Баъдан дар вазифаҳои роҳбари бадеӣ, солисти театри халқӣ, роҳбари мусиқӣ, директори Филармонияи халқии Ҳисор заҳмат кашидааст. Чанд соли охир ҳофизи Филармонияи халқии Ҳисор ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов буд.

Бештар аз эҷодиёти халқ истифода мебарад, ба осори шуарои классикии форс-тоҷик таваҷҷӯҳ менамояд. «Модар», «Майда-майда меравӣ», «Як хол дорад ёрам», «Гулнораҷон», «Як ёри ширин дорам», «Бархез гулам зи ҷоят», «Ҳисорам», «Хоболуда», «Панди адибон», «Банда шавам», «Силсилаи кӯҳи Ҳисор», «Салом ба кишварам», «Ман муборакбод мегӯям туро», «Шаби бахт», «Аз Қаратоғ омадия», «Ёр омаду…», «Ана ман донашӯрак» ва ғайраҳо ба қалбҳо роҳ ёфтаанд.

Комилҷон Ғаниев сафарҳои ҳунарии зиёди хориҷӣ карда, дар Конодо, Чехословакия, Руминия, Русия, Латвия, Туркманистон ва дигар кишварҳо суруди тоҷикиро муаррифӣ намудааст.

Ҷоизаву унвонҳо

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.