Комил Боймуродов (Боймуродов Комил Миралиевич; зод. 7 сентябр 1991, Душанбе) — варзишкори тоҷик дар риштаи ҷиу-ҷитсу ва грэпплинг, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон байни камарбанддорони сиёҳи Jiu Jitsu Gi ва No-Gi World Champion-2022[1], қаҳрамони грэпплинги NAGA ва ADCC, ғолиби чандинкаратаи Қаҳрамонии ҷаҳон, Осиё ва Бозиҳои осиёӣ. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар грэпплинг. Дорандаи камарбанди сиёҳ дар ҷиу-ҷитсуи бразилӣ.

Комил Боймуродов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Зодрӯз 7 сентябр 1991(1991-09-07) (32 сол)
Зодгоҳ

Зиндагинома вироиш

7 сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе[2] таваллуд шудааст. Соли 2009 гимназияи иқтисодии шаҳри Душанбе, соли 2014 Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ-иқтисодии Санкт-Петербург (филиал дар Дубай)-ро хатм кардааст.

Корномаи варзишӣ вироиш

Комил Боймуродов дар синни 14-солагӣ ба куштӣ шурӯъ кардааст. Аввал муштзанӣ ва кикбоксинг, баъд ба куштии озод гузашт, ҷуду ва самбои ҷангиро низ озмуд[3]. Соли 2009, барои таҳсил рафта ба Дубай, ӯ барои худ ҷиу-ҷитсуро интихоб кард[4][5]. Аз соли 2012 бо роҳбарии устодони бразилӣ Рафаэл Хаубер ва Марсело Гарсиа бо Ҷиу-Ҷитсуи бразилӣ ва Грепплинг тамрин кард.

Соли 2017 ӯ Федератсияи греплинги муосири Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, президенти он гардид[6] .

Дастовардҳо вироиш

Медалҳо вироиш

Грэпплинг вироиш

  • Барандаи медали нуқраи Осиё 2012 (Абузабӣ)
  • Қаҳрамони Абузабӣ 2015 (Абузабӣ)
  • Қаҳрамони мутлақ Абузабӣ 2015 (Абузабӣ, Иморот)
  • Қаҳрамони Суперҷоми Абузабӣ (Абузабӣ, Иморот)
  • Қаҳрамони Амрико 2016 (NAGA)[7]
  • Барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳонии ACBJJ 2021 (Маскав, Русия)
  • Қаҳрамони Амрико 2021 (NAGA)
  • Қаҳрамони сафари AJP Туркия 2022[8]
  • 5 карат Қаҳрамони Тоҷикистон

Ҷиу-ҷитсу вироиш

  • Барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон 2013 (Абузабӣ, Иморот)
  • Барандаи медали нуқраи Суперҷоми Аморот 2013 (Абузабӣ, Иморот)
  • Қаҳрамони RAK international pro Jiu Jitsu Championship 2017 (Раъсу-л-хайма, Иморот)
  • Қаҳрамони Fujairah International Pro Jiu Jitsu Championship 2018 (Фуҷайра, Иморот)
  • Қаҳрамони коршиносони зоти нав 2021 (Майами, ИМА)
  • Қаҳрамони AJP Tour Turkey 2022
  • 6 карат Қаҳрамони Точикистон

Унвонҳо вироиш

  • Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷиу-ҷитсу ва грэпплинг
  • Устоди варзиши дараҷаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ба ҷиу-ҷитсу ва грэпплинг
  • Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷиу-ҷитсу ва грэпплинг

Эзоҳ вироиш

  1. Таджикистанец Комил Боймуродов – чемпион мира!(рус.). sports.tj (10 июли 2022).
  2. Комил Боймуродов – таджикский мастер бразильского боевого искусства(рус.). SPORTS.tj (21 ноябри 2020). 12 Декабри 2022 санҷида шуд.
  3. Известный таджикский боец намерен забрать сто тысяч долларов в Казахстане(рус.). kazpress.kz (9 июни 2022). 11 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 Декабри 2022.
  4. Новый чемпион: джитсер Комил Боймуродов выиграл два турнира в США(рус.). www.dialog.tj. Диалог (11 июли 2022). 12 Декабри 2022 санҷида шуд.
  5. KOMIL BOYMURODOV – THE TAJIK WRESTLER OF JU-JITSU(англ.). wrestling.com.ua. Wrestling portal "Samson" (20 May 2013). 12 Декабри 2022 санҷида шуд.
  6. Sputnik Таджикистан. В Таджикистане известный боец Боймуродов открыл Федерацию грепплинга(рус.). Sputnik Таджикистан (14 Декабри 2017). 12 Декабри 2022 санҷида шуд.
  7. Results, NAGA Pennsylvania Grappling Championship(англ.). Smoothcomp.
  8. Results, AJP TOUR TURKEY NATIONAL PRO - GI & NO-GI(англ.). Abu Dhabi Jiu Jitsu Pro.