Конгресси ИМА
Конгресси ИМА (англ. the Congress of the United States) - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ дар назди Ҳукумати Федералии ИМА. Конгресс аз ду палата (маҷлис): Сенат ва Палатаи намояндагон иборат аст. Ҷойи кории Конгресси Амрико дар Капитолии (Capitol Hill) шаҳри Вашингтон аст. Ҷаласаи Конгресси Амрико мувофиқи Коститутсияи ИМА дар 1 сол як маротиба (баъд аз ворид намудани тағйироти соли 1933) ибтидои моҳи январ баргузор мегардад.
Сохтор
вироиш- Палатаи намояндагон аз 435 вакил иборат аст. Вакилон намояндагони ҳавзаҳои интихобкунандагон мебошанд, ки дар 2 сол як маротиба интихоб мешаванд. Ҷойҳо дар Палатаи намояндагон аз рӯйи шумораи интихобкунандагони Иёлот (Штат) муайян шудаанд. Бо чунин тартибот ҳуқуқи интихобкунандагони ИМА ва иштироки шаҳрвандон дар ҳокимят муайян шудааст.
- Сенат 100 вакилро дарбар мегирад, ки муҳлати шаш сол кор мекунанд. Новобаста аз шумораи аҳолӣ ҳар як Иёлот (Штат) 2 сенаторро ба Конгресс пешбарӣ мекунад. Як маротиба дар ду сол сеяки ҳайати Сенат дар тариқи ротатсия аз нав интихоб мешаванд. Намояндагии баробари иёлотҳо ҳамин тарз риоя карда мешавад.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |