Кони ангишти Ҳакимӣ
Кони ангишти Ҳакимӣ дар масофаи 52 км аз тарафи ғарбии ш. Душанбе дар мавзеъӣ қӯҳии баландиаш 1550-2100 м ҷойгир шудааст. Кони ангишт соли 1932-ӯм ошкор гардида, номукаммал омӯхта шудааст. Захираҳои дурнамои кон ба ҳаҷми 42 млн. тонна ва захираҳои баҳисобгирифта 100 ҳаз. тонна баҳогузорӣ карда шудаанд. Дар мавзеи қабатҳои ангиштдори давраи юра дуто қабати ангишт муайян карда шудаанд, ки дарозиашон ба 1,5 км мерасад. Яктои ин қабатҳо дорои аҳамияти саноатӣ буда, сохтораш оддист ва иқтидораш аз 4 то 11 м мерасад. Кунҷи афтиши қабат 400-500 буда то ба ҳадди амудӣ рафта мерасад. Навъи ангишт сангӣ буда ба гурӯҳи ГЖ (газовый жирный) газӣ-равғандор дохил мешавад. Вобаста ба лоиҳаи корӣ истихроҷи ангишт бо тарзи кушода то чуқурии 20 м бо коэффисиенти кушодашавии қабатҳои болоии ангишт 7-10 м3/тонна ба назар гирифта шудааст
ТАВСИФИ СИФАТИИ
- ангишти кони «Ҳакимӣ»
- Нишондодҳо Миқдор
- Намнокӣ 5,2-17,4 (миёна - 15,1) %
- Хокистарнокӣ 4,8-19,7 (миёна – 14,2) %
- Сулфури умумӣ 0,4-0,16 (миёна – 0,12)%
- моддаҳои хориҷшаванда 26,8-46,9 (миёна – 38,4) %
- Ҳарорати сӯзиш 6453-7780 (миёна - 7372) ккал/кг
- (27,01-32,57 (миёна - 30,86) МҶ/кг)
- Карбон 58,4-72,6 (миёна - 65,5) %
- Гидроген 5,3-6,1 (миёна - 5,7) %
Пайвандҳо
вироиш- Сомонаи Вазорати Энергетикаи ҶТ Бойгонӣ шудааст 4 феврали 2009 сол.