Корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС»

27 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» (ТАЛКО)» ташриф оварда марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО-КРАНТАС»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин корхона тавлиди мошинҳои боркашро дар назар дорад.Ин корхона тавлиди мошинҳои боркашро дар назар дорад. Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки имрӯз «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба қатори истеҳсолгарони азими ҷаҳонии алюминий шомил буда ва дар давоми солҳои тӯлонӣ нуфузи худро ҳамчун ширкати аз ҳама босуръат рушдкунандаи мамлакат, ки ба менеҷменти муосир ва низоми байналмилалии ҳисоботдиҳии молиявӣ таъйид менамояд, дар асл таҷассумгари ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон шудааст.

«Ширкати Алюминийи Тоҷик» имрӯзҳо истеҳсоли маҳсулотро тариқи техологияи муосир ба роҳ монда, ҳамкориҳоро бо ширкатҳои соҳибнуфузи ҷаҳонӣ тақвият мебахшад. Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки тайи ду соли охир КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар заминаи сиёсати дурбинонаи Сарони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя бо бузургтарин корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла соли равон дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо яке аз корхонаҳои тавлидотии кишвари ҳамсоя шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар асоси он солона 10 ҳазор тонна метали алюминий ба корхонаҳои истеҳсолии кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад.[1].

Пайвандҳо

вироиш