Корхонаи ресандагӣ дар ноҳияи Ашт
Корхонаи ресандагии ҶДММ “Саноати Ашт” — дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд вокеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳ
вироишКорхонаи ресандагӣ нахустин корхонаи ширкати “Саноати Ашт” мебошад, ки бо саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ Зайналобидин Махсудҷонов ва Манзуралӣ Мамадҷонов бо мақсади коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ ва бунёди ҷойҳои корӣ таъсис дода шудааст. Таъсису фаъолияти коргоҳу корхонаҳои нав дар афзун намудани маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим доранд.
Корхонаи ресандагӣ бо харҷи 64 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бо бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори саноати сабук, вориду насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъсис дода шудааст. Дар корхонаи навтаъсис коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта бо технологияи пешрафта ба роҳ монда шудааст. Таҷҳизоти технологӣ сохти ширкати “Рифа”-и давлати Италия аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст, ки технологияи нави соҳа мебошад. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди зиёда аз 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад. Бо фаъолияти корхонаи ресандагӣ беш аз 400 нафар сокини деҳоти ноҳияи Ашт бо кори доимии баландмузд таъмин гардиданд, ки аксари коргарону мутахассисонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати кишвар ва бахши муҳими ҳадафи стратегӣ - саноатикунонии босуръати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ www.president.tj. Ифтитоҳи корхонаи ресандагӣ ва муаррифии лоиҳаҳо дар ҶДММ “Саноати Ашт” дар ноҳияи Ашт(тоҷ.) (8 сентябри 2024). 8 сентябри 2024 санҷида шуд.