ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд-Семент»

Корхонаи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд-Семент» — дар ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд таъсис ёфтааст.

Cохтмони корхона аз ҷониби ширкати ватании «Ғаюрсемент» дар якҷоягӣ бо шарикони чинӣ - Ширкати «Хуаксин семент» соли 2014 оғоз ёфта буд ва дар масоҳати 48 гектар замини бекорхобида бо харҷи зиёда аз як миллиард сомонӣ бунёд гардидааст. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол беш аз 1 миллион тонна семент буда, дар он беш аз 1300 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Беш аз 90 фоизи коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки маоши онҳо аз 1500 то 12000 сомониро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии корхона 1400 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки аксари онҳо сокинони маҳаллӣ буданд. Бо мақсади таъмини муътадили фаъолияти корхонаи сементбарорӣ нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ бо иқтидори 25 мегаватт дар як соат бунёд карда шудааст. Корхонаи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Суғд-Семент» бо технологияи муосири ҷаҳонӣ сохта шуда, маҳсулоташ бепартов ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад. Навъи сементи корхона 400, 500 ва 600 буда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва дар бозори аврупоӣ маъмулу рақобатпазир мебошад. Корхона ҳамасола ба давлати Тоҷикистон беш аз 145 миллион сомонӣ андоз хоҳад супорид [1][2]

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш
  1. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016. 24 апрели 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 Декабри 2020.
  2. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016(пайванди дастнорас)